Воситаҳои ахбори электронӣ дар ташаккули афкори ҷомеа нақши муҳим доранд

Март 2, 2018 15:36

ДУШАНБЕ, 02.03.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида  ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва 106-солагии матбуоти тоҷик имрӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон  ба номи Мирзо Турсунзода дар мавзӯи «Нақши воситаҳои ахбори электронии телевизион ва радио дар инъикоси масъалаҳои ҳаёти фарҳангӣ» конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Дар конфронс ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон  Хайриддин Идиев иброз дошт, ки яке аз масъалаҳое, ки имрӯз таваҷҷуҳи хеле зиёд касб мекунад, нақши воситаҳои ахбори электронии телевезион  ва радио дар ҳаёти ҷомеаи муосир мебошад. Телевизион ва радио дар низоми воситаҳои ахбори омма ҷойгоҳи муносиб дошта, ҳамчун воситаи тавонои тарғибу ташвиқ ва василаи бисёр муҳими расонидани иттилоъ барои ташаккули афкори ҷомеа нақши муҳим доранд.

«Дар фарқият аз матбуоти дигари даврие, ки дар ҷомеаҳои муосир ҳастанд, яъне нашрияи чопӣ, телевизион ва радио, пеш аз ҳама, бо хусусияти визуалии худ, ки ба шунидан ва дидан такя мекунад, дар ҳаёти ҷомеаи муосир  нақши муассир доранд.  Дарвоқеъ ин  гуфтаҳо имрӯз ба чашм мерасанд ва тамоми башарият ҳамчун як воҳид тавассути воситаҳои ахбори электронӣ ба ҳамдигар наздик мешаванд. Ин тасвир бештар дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа возеҳ ва равшан ба назар мерасад. Аз ин рӯ конфронси имрӯза низ ба масъалаи чигунагии инъикоси ҳаёти фарҳангии ҷомеа аз ҷониби ВАО бахшида шуд»,- гуфт Хайриддин Идиев.

Ҳоло воситаҳои ахбори электронӣ новобаста аз он ки гуногунрангиро тасвир мекунанд, инчунин умумият ва ба ҳам наздик будани фарҳангҳоро низ нишон медиҳанд. Онҳо барои нигоҳ доштан ва ба ворисият гирифтани ҷиҳатҳои нотакрори фарҳангҳо низ саҳми  муассир доранд.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ доир ба нақши телевизион ва радио гуфта буданд: «Телевизион ва радио ду неруи бузургеанд, ки ба таҳкими ваҳдати миллӣ, пешрафти нақшаҳои бузурги созандагӣ ва амалӣ гардидани ормонҳои бунёди як кишвари соҳибистиқлолу озоди демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат хоҳанд намуд».

 

Март 2, 2018 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ибни Сино ва Абубакри Розӣ — нобиғаҳои тамаддуни башарӣ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир гардид
Дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ 31-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
КОНСТИТУТСИЯ — ИНЪИКОСКУНАНДАИ СУННАТҲОИ ПУРҒАНОВАТИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои ҳуқуқшинос Исмоил Абдуалимзода оид ба ҷанбаҳои таърихии ин санад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Данғара ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар ҳошияи иштироки Президенти Тоҷикистон дар Саммити СММ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони Кумитаи доимии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии СҲИ иштирок намуд