«Академияи ВАО-и Тоҷикистон» барои кормандони телевизион ва радио давраҳои бозомӯзиро баргузор намуд

Апрель 12, 2018 09:12

ДУШАНБЕ, 12.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Наздик ба 20 нафар  кормандони эҷодию техникии шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ баъди иштирок дар давраҳои бозомӯзӣ дар мавзӯъҳои «Танзими барномаҳо бо формати HD» ва «Санъати суханварӣ», ки  дар Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» баргузор шуданд,   соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

Аз муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар  машғулияти омӯзишии «Танзими барномаҳо бо формати HD»  мутахассиси соҳа Маъруфҷон Оқилов ҳайати техникии шабакаҳои телевизионӣ аз ҷумла, танзимгаронро бо формати дақиқияташ баланд (HD) шинос намуда, таҳияи барномаҳо ва гузоришҳоро  бо технологияи мазкур омӯзонид.

Инчунин, донишманди тоҷик, профессор Баҳриддин Камолиддинов ва яке аз наттоқони варзида ва собиқадори радио Зевар Ҷӯраева  дар семинари омӯзишии «Санъати суханварӣ» наттоқони шабакаҳои телевизиониро бо истифодаи дурусти калимаҳои забони тоҷикӣ  ва  техникаи талаффузи овоз шинос намуданд.

Пас аз хатми машғулиятҳои бозомӯзӣ  ба  иштирокчиён шаҳодатнома супорида шуд.

Апрель 12, 2018 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Озмуни «Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо Донишгоҳи шаҳрсозии Тянҷин дар соҳаи таҳсилоти муҳандисии муосир ҳамкорӣ менамояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Таҳти унвони «Зеҳни сунъӣ ва омилҳои таъсирасон ба маърифати насли наврас» конференсия доир шуд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ оид ба масъалаи тарбияи кадрҳои илмӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Екатеринбург вохӯрии масъулини Сафорати Тоҷикистон бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик доир гардид
Файзалӣ Идизода дар Конфронси байналмилалии парламентӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар Суғд барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ машварати омӯзишӣ гузаронида шуд
ОГОҲӢ! Дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон: «Насиба Кенжаева аз ноҳияи Хуросон соҳиби Шоҳҷоизаи иқдоми «МегаМиллион» гардид»
Ҷаласаи минтақавии Кумитаҳои миллии ҳамоҳангсози содагардонии расмиёти савдои кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гардид