Дар Кумитаи забон ва истилоҳот «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ва масъалаи номгузорӣ матраҳ гардид
ДУШАНБЕ, 29.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Танзими номгузории шаҳрвандон дар заминаи меъёрҳои таърихии номгузории тоҷикӣ ба фарзандон, ки яке аз арзишҳои маънавии миллии мо маҳсуб ёфта, аз гузаштаи дури таърихи забонамон сарчашма мегирад, амалӣ мешавад. Он ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ин нуктаро раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода имрӯз зимни баргузории конфронс дар мавзӯи «Ташвиқу тарғиби дурусти «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» баён дошт.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар конфронс кормандони Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти шиносномадиҳӣ иштирок намуда, масъалаҳои риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳангоми бақайдгирӣ ва номгузорӣ ба кӯдакон, таҳлили сабти ному насаб дар бахшҳои САҲШ-и шаҳру ноҳияҳои мамлакатро баррасӣ намуданд.
Сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвбону Фарҳодова дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» баён дошт, ки ҳадафи баргузории конфронси имрӯза- ин дуруст пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои асосии тасдиқкунандаи номи шаҳрвандон мебошад.
Мутобиқи моддаи 20 –и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба шахс илова намудани тахаллусҳои «Мулло», «Халифа», «Тура», «Хоҷа» «Валӣ», «Охун» ва тахаллусҳои ба инҳо монанд, ки боиси тафриқаандозӣ миёни мардум мегарданд, манъ мебошад.
«Вожаҳое, ки ифодакунандаи ранг, меваҷоту сабзавот, ашёи рӯзгор ҳайвонот, ба истиснои «Шер», ки дар номгузории тоҷикон ифодакунандаи далерию мардонагӣ аст ва ба ин монанд номҳо ғалат буда, аз Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ баргирифта шудаанд. Ҳамчунин ҳангоми бақайдгирии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ном бояд дар шакли пурра ва дуруст навишта шавад»,-афзуд Сарвбону Фарҳодова.
Ҳамчунин зикр карда шуд, ки «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» эҳёгари арзишҳои маънавӣ, сарватҳои бебаҳои таъриху фарҳанги миллӣ тавассути забони миллӣ, инчунин номгузории суннатии тоҷикӣ мебошад.
Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ аз ду қисмат иборат буда, бо рақамгузорӣ пайгирӣ мешавад. Дар қисмати аввали он номҳои духтарона ва дар қисмати дуюм номҳои писарона оварда шудаанд. Инчунин бо мақсади дуруст навиштани номҳои миллӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ тарзи навишти номҳои духтаронаю писарона бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷой дода, ба феҳрист замима шудааст.








Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






