Дар маҳфили «Тавозун» «Марҳилаи якуми ташаккули Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» баррасӣ гардид

Октябрь 11, 2018 13:15

ДУШАНБЕ, 11.10.2018/АМИТ «Ховар»/. «Марҳилаи якуми   ташаккули  Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2019-2021»- таҳти чунин унвон имрӯз дар шаҳри Душанбе  маҳфили  журналистикаи   иқтисодии «Тавозун» баргузор гардид. Дар он  намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, коршиносони масоили иқтисодию молиявӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма /ВАО/ иштирок намуданд.

Ҳадафи баргузории  маҳфили «Тавозун»  бо ҷалби  ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО  ба роҳ мондани  муҳокимаи фаъоли  буҷети миёнамуҳлати давлатӣ ҳамчун воситаи муҳими  молиявии амалигардонии сиёсати иҷтимоӣ- иқтисодии мамлакат мебошад.

Дар он муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муминова,  коршиносони маҳаллӣ оид ба банақшагирии  стратегӣ Лола Қудусова  ва дигар таҳлилгарону намояндагони ВАО атрофи  банақшагирии  стратегӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷриба ва рушди он,  марҳилаи стратегии  таҳияи  Буҷети давлатӣ барои  солҳои 2019-2021 ва дигар паҳлуҳои афзалиятноки раванди  таҳияи Буҷети давлатӣ  ва татбиқи он дар самти рушди дурнамои иқтисодиёти мамлакат ва беҳдошти вазъи иҷтимоии ҷомеаи кишвар ибрози назар намуданд.

Зикр  шуд, ки Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола аз ҷониби Парлумони мамлакат  баъд аз баррасиҳои тӯлонӣ  тасдиқ карда мешавад, хусусияти иҷтимоӣ дорад, зеро беш аз 50 фоизи  ҳаҷми Буҷети давлатӣ барои рушди  бахши иҷтимоии мамлакат – илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг  ва ҳифзи иҷтимоӣ равона карда мешавад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки маҳфили мазкур бо ибтикори созмони ҷамъиятии «Хома» бо мақсади  фароҳам овардани замина  ҷиҳати табодули афкору таҷриба  дар инъикоси   масоили  иқтисодӣ дар ВАО-и кишвар гузаронида шуд.

Назар ба иттилои роҳбари созмони ҷамъиятии «Хома»  Шаҳло Акобирова,  дар доираи маҳфили «Тавозун»  мунтазам  вохӯриҳо оид ба  муҳокимаи масъалаҳои мубрами   иқтисодӣ  миёни намояндагони ВАО, коршиносони байналмилалӣ ва  ватанӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ, олимон ва таҳлилгарон гузаронида мешаван

 

 

Октябрь 11, 2018 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳкими ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои саноат ва воридоти технологияҳои нав бо намояндагони BVMW баррасӣ гардид
Бонки Осиёии рушд омодагияшро барои ҷудо намудани 500 миллион доллар барои сохтмони неругоҳи «Роғун» тасдиқ намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Таъсиси Маркази тиҷоратии Тоҷикистону Эрон ва Маркази фанноварӣ ва инноватсионии рақамӣ дар Душанбе баррасӣ шуд
Ҷаласаи нахустини ҳамоҳангсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея баргузор гардид
HUKUMAT.TJ. Тамоми сомонаҳои расмии мақомоти давлатии Тоҷикистон ба ин платформаи рақамӣ гузаронида мешаванд
Оё кишоварзони Тоҷикистон аҳолиро бо картошкаи ватанӣ пурра таъмин карда метавонанд?
Дар Шероз Протоколи ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Эрон ба имзо расид
Масъалаҳои ҷалби сармояи Британияи Кабир ба Тоҷикистон баррасӣ шуданд
Ҳамкорӣ дар самти рушди технологияҳои инноватсионӣ бо Дафтари Швейтсария оид ба рушд дар Тоҷикистон тақвият меёбад
Бо иштироки ҷавонони волонтёри гуногунихтисос ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид
Ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар Шероз баррасӣ шуд