ГУРГ ДАР ЛИБОСИ ГӮСФАНД. Хатари ташкилоти террористии ҳизби наҳзат аз ДОИШ ва «Ал-қойида» бештар асту камтар не

Октябрь 29, 2018 15:58

ДУШАНБЕ, 29.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, ҳафтаи гузашта, дар Туркия ва Миср ҳамоишу конфронси байналмилалӣ ва мулоқоту суҳбатҳои олимон, донишмандон, роҳбарони муфтиёт ва рӯҳониҳои машҳури кишварҳои гуногун оид ба таҳдид ва хатарҳои созмонҳои мансуб ба терроризми байналмилалӣ: ТТЭ ҳизби наҳзати ислом, «Ихвон-ул-муслимин», ташкилоти ФЕТО баргузор гардид. Дар ин ҳамоишу мулоқотҳо исбот ва таъкид карда шуд, ки хатари ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати ислом аз ДОИШ ва «Ал-қойида» камтар нест…

Таҳқиқи ҳодисаҳои таърих ва далелу санадҳо шаҳодат медиҳанд, ки хатари ҳизби наҳзати ислом ва маслаки ин ташкилот бадтару мудҳиштар аз ДОИШ ва «Ал-қойида» мебошад.

Аввалан,  ташкилкунанда, ҳидояткунанда ва идоракунандаи майдони Шаҳидон дар фасли баҳори соли 1991 маҳз ҳизби наҳзати ислом буд. Майдоне, ки талаффуз кардану шунидани номаш тарсу ҳарос мефиканд. Бинобар ин, ҳазорон мардуми авом  ва зудбовар аз бими он ки шаккоку бединашон нагӯянд,  ба майдони Шаҳидон омаданд. 90 фисади онҳо ба майдони Шаҳидони Душанбе бо ихтиёри худ наомада буданд. Зиёда аз ин, онҳо намедонистанд, ки дар бозиҳои ғайриисломӣ ва ноҷавонмардонаи ҳизби наҳзати ислом ҳамчун қурбонӣ истифода хоҳанд шуд. Яъне, бо сӯиистифода аз эътиқодҳои диниву мазҳабӣ идора кардану ба чоҳи бетаг равона намудани издиҳоми мардуми мусулмон  хатарноктарин амал аз ҷониби ҲНИ буд, ки ҳатто ДОИШ ва «Ал-қойида» аз ин усул ба ҳадде, ки наҳзат истифода бурдааст, сари кор нагирифтаанд.

Сониян, маҳз дар майдони Шаҳидон бори аввал образи «фидоӣ»-и ислом дар сурати ҷавонону наврасони навхати бериш, ки ба сарашон латтаҳои сабз бо навиштори ҳуруфи арабӣ баста буданд,  муаррифӣ карда шудааст. Ин образро солҳо баъд ДОИШ ва «Ал-қойида» истифода карданд.

Солисан, солҳои 1991-1992 дар ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ митингу намоишҳо ва роҳпаймоиҳои эътирозӣ баргузор карда мешуданд, ки ҳамаи онҳо бо қабул кардани муроҷиатномаҳои гуногун хотима меёфтанд. Аммо бори аввал дар қаламрави собиқ Иттиҳоди шӯравӣ роҳбарони митинги майдони Шаҳидони Душанбе ба густохтарин амал даст зада, 21 апрели соли 1992  20 шахси бегуноҳро гаравгон гирифтанд. Дар қатори гаравгонгирифташудагон 16 нафар вакилони Шӯрои Олӣ – намояндагони халқ ва ду муовини сарвазири мамлакат низ буданд. Ҳамаи гаравгонгирифташудагонро мисли асирони ҳарбӣ ба майдон оварда, ба тамошои ом гузоштанд. Чунин амалро то ҳоло на ДОИШ кардааст ва на «Ал-қойида».

Робеан, баъд аз он, ки наҳзат бо истифода аз майдони Шаҳидон ба ном Ҳукумати муросои миллӣ таъсис дод, имкониятҳои амалии мавҷудбударо барои ҷисман нобуд кардани ходимони сиёсӣ-давлатӣ равона кард. Чунончӣ, 24 августи соли 1992 прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев ба таври ваҳшиёна, дар рӯзи равшан, дар пеши чашми роҳгузарон ба қатл расонида шуд. Шабакаҳои телевизионӣ ва расонаҳои иттилоотии ҷаҳон зимни шарҳи ин хабар бори аввал истилоҳи «террори сиёсӣ»-ро нисбат ба Тоҷикистон истифода карданд. Аммо роҳбарияти ҳизби наҳзати ислом ин террори сиёсиро кофӣ надонист ва барои дастгир кардани Президенти Тоҷикистон амр дод. 31 августи соли 1992, баъд аз нисфирӯзӣ, гурӯҳи ҷанговарони наҳзат қасри президенти ҳамонвақтаи  Тоҷикистонро ғасб карданд. Президент Раҳмон Набиев дар қаср набуд, вале наҳзатиҳо 48 нафар кормандони қасрро, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ машғул буданд,  гаравгон гирифтанд. Барои тарс додани ҷомеа яке аз гаравгонҳоро, ки аз шаҳри Кӯлоб бо сафари корӣ омада буд, ваҳшиёна ба қатл расониданд. Оқибат, баъд аз 1 ҳафта – 7 сентябри соли 1992 президенти ҳамонвақтаи Тоҷикистон Р.Набиев зери мили силоҳи ҷанговарони ҳизби наҳзати ислом аз вазифа барканор карда шуд.

Ҷамъулҷамъ, ҷиноятҳое, ки ҳизби наҳзати ислом дар моҳҳои март-октябри соли 1992 анҷом дод, на қаблан ва на баъдан ягон гурӯҳи террористии дигар содир накардааст.

Хусусияти фарқкунандаи ташкилоти террористии ҳизби наҳзати ислом аз дигар созмонҳои терроризми байналмилалӣ ин аст, ки он ягона ташкилот дар ҷаҳон мебошад, ки ба муқобили халқу миллат ва давлати худ силоҳ кашида, ҷиноят содир кардааст. Дар баробари кушта шудани ҳазорон-ҳазор сокинони бегуноҳ ҳизби наҳзати ислом роҳбарони вазорату идораҳо ва  шахсиятҳои сиёсиву давлатии миллати тоҷик, ба шумули Сафаралӣ Кенҷаев, Муродулло Шерализода, Фатҳуллохон Шарифзода, Моёншо Назаршоев, Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Отахон Латифӣ, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Абдураҳим Раҳимов ва дигаронро ба қатл расонидааст. На ДОИШ  ва на «Ал-қойида» ягон шахсияти шинохтаи миллати арабро ба қатл нарасонидааст.

Маълум аст, ки ташкилоти «Ал-қойида», ДОИШ, ҳаракати Толибон ба муқобили давлатҳои алоҳида фаъолият кардаанд. Ин созмонҳо дар фаъолиятҳои худ аз таҷрибаи ҳизби наҳзати ислом васеъ истифода бурдаанд. Чунончӣ, бори аввал, маҳз наҳзатиён тобистони соли 1992 аз Афғонистон муҷоҳидони ҷанговарро ҳамчун зархарид ба шаҳри Қӯрғонтеппа ворид кардаанд. Баъд аз ин ҳодиса ташкилотҳои террористӣ пай бурданд, ки дар Афғонистон нерӯи ҷангӣ пайдо кардан осон будааст. Бори аввал ҷанговарони ҳизби наҳзати ислом мерганҳои нишонзанро (снайперҳоро) ҳамчун зархариди хориҷӣ ба Тоҷикистон оварда, дар ҷанги шаҳрвандӣ ҳамроҳ карданд. Ҷанговари арабтабор бо номи Амир Хаттаб  аз Тавилдара ба Қафқоз барои идомаи ҷанг гузаштааст. Бори аввал наҳзатиҳо аз ҳисоби духтарони маҳалӣ ба ҷанговарони зархариди хориҷӣ зан дода, таҷрибаи дар ҷангҳо истифода бурдани ҳамаи аъзои оила: ҷанговар, зан ва фарзанди ӯро дар амал татбиқ кардаанд. Ҷанговари зархариди ҳизби наҳзати ислом Ҷуъмабои Намангонӣ ба замми зани сеюм кардани духтари тоҷик ҷанговарони дигари гурӯҳи худро низ зан дода, тартиби истифода бурдани зану фарзандро ҳамчун нерӯи ҷангӣ ҷорӣ карда буд. Солҳо баъд ин усулро ташкилоти ДОИШ дар минтақаҳои ишғолкарда, дар ҳудуди Ироқу Сурия истифода кард. Идеяи созмон додани артиши терроризми байналмилалӣ бо ҷалби ҷанговарон аз тамоми кишварҳои мусулмоннишин ва ғайри он аз тарафи ҳизби наҳзати исломӣ изҳор ва амалӣ карда шудааст.

Таърих исбот мекунад, ки бори аввал дар асри 20 ҳизби наҳзати ислом низоми «Хилофат»-ро ба таври маҷбурӣ ҷорӣ кардааст: моҳи феврали соли 1993 ҳизби наҳзат дар маркази Раштонзамин ба ном Шӯрои инқилобии исломии Ғармро таъсис дод ва аз ташкил шудани ба ном ҷумҳурии исломии Ғарм эълон паҳн кард. Созмони ДОИШ танҳо соли 2014 — бо гузашти қариб 20 сол аз ин ҳодиса таҷрибаи наҳзатро истифода бурда, дар баъзе минтақаҳои Ироқ ва Сурия «Хилофат»-и маҷбуриро ҷорӣ кард.

Бори аввал маҳз наҳзатиҳо таҷрибаи ба таври асримиёнагӣ ҷазо додани одамонро бинобар риш надоштан, намоз нахондан, сатр ба сар накардан, сигор кашидан, май нӯшидан, мусиқӣ гӯш кардан дар ҳудуди Тоҷикистон ҷорӣ кардаанд. Таҷрибаи дар даруни бушкаҳои оҳанини бадбӯй нигоҳ доштани одамони ҷурми «шариатӣ» содиркарда ва бо сангу чӯб задани онҳоро роҳбарони наҳзат ҷорӣ кардаанд, ки содир кардани чунин амалро дигар созмону ташкилоти террористӣ ба худ иҷозат надодаанд.

Ин чанд далели фарқкунанди ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати ислом аз дигар созмонҳои терроризми байналмилалӣ, ки оварда шуд,  чанд нуктаи муҳимро ошкор мекунад.

ТТЭ ҲНИ ташкилоти террористие мебошад, ки дар пурқудраттарин давлати садсолаи охир, ки дорои хадамоти неруманди амниятӣ (КГБ СССР)  буд, пайдо шуда, фаъолияти пинҳонӣ бурдааст.

ТТЭ ҲНИ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон усул даст накашида, ҳамаи роҳҳоро барои ғасби ҳокимият истифода мекунад.

ТТЭ ҲНИ ягона ташкилоти террористие ҳаст, ки бар зидди озодиву истиқлоли миллати худ мубориза бурда, муқобили пойдории давлати миллии тоҷикон мебошад.

ТТЭ ҲНИ созмони тундгароест, ки дар Тоҷикистон ҷонибдорони эътиқодӣ – идеологӣ надорад, лекин бо роҳи маҷбурӣ ва роҳнамоии давлатҳои хориҷӣ мехоҳад низоми давлатдории асримиёнагиро ҷорӣ намояд.

Роҳбарони ҷинояткори ТТЭ ҲНИ гургони ҷомаи меш ба бар кардаро мемонанд, ки пушти суханҳои зебои «озодӣ ва демократия», пӯшидани либосҳои аврӯпоӣ, нимкора донистани забони англисӣ ва ба сафҳои худ ҷалб кардани баъзе ба ном ҳуқуқшиносону журналистону   сиёсатшиносони ноком ҳадафи стратегии худ – бунёди низоми хунхор, низоме, ки дар он инсон қадр надорад, пинҳон кардаанд. Дар омади гап, нахустин бор ибораи “гург дар либоси гӯсфанд” дар китоби муқаддаси динӣ маҳз дар бораи чунин тоифа одамон ба кор бурда шудааст:  «Аз пайғамбарони дурӯғин эҳтиёт шавед, онҳо ба наздатон зоҳиран дар либоси гӯсфанд  ҳозир мешаванд, вале ботинан гурги даррандае беш нестанд ».

Бояд гуфт, ки,  мутассифона,  баъзе ашхос, қувваҳо ва доираҳои манфиатхоҳ дар хориҷи Тоҷикистон  кӯшиш мекунанд, ки ҷиноятҳои содиркардаи наҳзатро нодида гиранд, ин ташкилоти террористиро ҳамчун «нерӯи сиёсии исломи муътадил» муаррифӣ  намоянд. Албатта,  чунин ашхос ва доираҳо манфиатҳои худро доранд, вале дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир пуштибонӣ, мухлисӣ ва сафедкунии ин ташкилоти террористӣ хиёнат ба ормонҳои миллӣ ва арзишҳои демократию умумибашарӣ асту бас.

Нодида гирифтани ҷиноятҳои ТТЭ ҲНИ сабабҳои объективӣ ва субъективӣ дошта, боиси монеа эҷод кардан ба пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон ва такон бахшидан ба ҷаҳонбинии халқи тоҷик мегардад. Аммо чӣ таконе!

Сабабҳо ва оқибатҳои зараровари пуштибонӣ кардан аз ТТЭ ҲНИ дар матлаби навбатӣ мавриди таҳлил қарор дода мешавад.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ
«Ховар»

Октябрь 29, 2018 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Дар Душанбе вобаста ба хатари хурофот ва ифротгароӣ ҳамоиш доир шуд
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат