Дар Душанбе вобаста ба хатари хурофот ва ифротгароӣ ҳамоиш доир шуд

Апрель 14, 2024 13:00

ДУШАНБЕ, 14.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар мавзуи «Хатари хурофот ва ифротгароӣ ба арзишҳои миллӣ, бақои миллат, амният ва ояндаи давлатдории миллӣ» ҳамоиши сиёсӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишкада.

Ҳамоиш дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини ҷумҳурӣ, ки 9 марти имсол дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд,  аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Дизайн» дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ташкил карда шуд.

Дар ҷамъомад иброз гардид, ки суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат яке аз муассиртарин суханрониҳои Пешвои миллат дар солҳои охир буда, фарогири мубрамтарин масъалаҳои имрӯзи ҷомеа мебошад, ки ягон қишри ҷомеаро бетараф намегузорад.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ва директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон оид ба масъалаҳои таассубу хурофот ва зиёни он ба ҷомеа, сиёсикунонии дин ва оқибатҳои он, дин ва қонун, некӣ ва хайру савоб,  бетарафӣ ва оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, масҷидҳо ва нақши онҳо дар ҷомеа, ҳаҷ ва моҳияти он, симои миллӣ ва либоси миллӣ, савоб ва моҳияти он, Ислом, тараққиёт ва таассуб, экстремизм, амалҳои террористӣ ва оқибатҳои он,  таҳдиду хатари он ба арзишҳои миллӣ, амният ва суботи сиёсӣ, тамомияти арзӣ ва Истиқлолияти давлатӣ ибрози назар намуданд.

Ректори донишкада ба меҳмонон барои ибрози андешаҳои солиму созанда, ки воқеан метавонад барои дар руҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ, баланд бардоштани асолати миллӣ, пос доштани фарҳанги миллии миллати тамадунофари тоҷик ва ҳифзи арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудани насли ҷавони ҷумҳурӣ заминаи мусоид фароҳам оварад, миннатдорӣ баён намуд.

АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Апрель 14, 2024 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИФРОТГАРОӢ-РОҲ БА СӮИ НОУМЕДӢ. Насли ҷавони тоҷик бояд тамоми кӯшишу ғайраташро ба донишомӯзию ободкорӣ равона намояд
САБАБИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ЧИСТ? Андешаҳо доир ба роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
Мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва риояи қонуни миллӣ дар вохӯрии намояндагони Кумитаи дин бо гумрукчиёни мамлакат баррасӣ гардид
СОЛИМИИ МИЛЛАТ АЗ ТАФАККУРИ НАСЛИ ҶАВОН ВОБАСТА МЕБОШАД. Андешаҳои Зулфиқор Гулаҳмадзода дар ин мавзуъ
МО-ЗИДДИ ХУРОФОТ! Он чашмҳои биноро кӯр ва гӯшҳои шунаворо кар менамояд
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
ХУРОФОТПАРАСТӢ-САРЧАШМАИ ҶАҲОЛАТУ ТОРИКӢ. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ин зуҳуроти номатлубро маҳкум намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Хурофот хатарест, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад»