Теннисбоздухтарони тоҷик дар Малайзия соҳиби ду медал гардиданд

Ноябрь 29, 2018 10:10

ДУШАНБЕ,29.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҷавондухтарони  теннисбози тоҷик  Ёсуман Салимова ва Диана Иванихина дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Малайзия сазовори медал гардиданд.

Тавре  корманди Федератсияи  тенниси  Тоҷикистон Далер Қурбонов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ин мусобиқа Ёсуман Салимова миёни иштирокчиёни то 10-сола ба финал роҳ ёфт, вале аз теннисбози мизбон мағлуб шуда, соҳиби медали нуқра шуд.

Диана Иванихина миёни иштирокчиёни то 15-сола медали биринҷӣ ба даст овард. Ӯ дар даври нимфинал аз теннисбози Чин мағлуб шуд.

Айни замон дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба теннис бо роҳбарии сармураббӣ Абдурасул Муҳиддинов дар Малайзия қарор дорад. Даста ба ҷамъомадҳои машқию таълимӣ фаро гирифта шуда, дар якчанд мусобиқаи байналмилалӣ иштирок мекунад. Варзишгарони мо сазовори хол гардида, ба раддабандии ҷаҳонӣ, ки солҳо боз номи варзишгарони тоҷик дар он нест, ворид мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби  Тоҷикистон  дар ҳайати Аҳмад Алмовов, Ёсуман Салимова, Диана Иванихина, Хушбахт Каримов, Исамҷон Шарифов ва Аминҷон Абдуллоев 29-30 ноябр дар мусобиқаи дигари байналмилалӣ дар Малайзия ширкат мекунад.

Ноябрь 29, 2018 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Абубакр Боқиев сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт