«ХУШ ОМАДЕД! – «ХУШ КЕЛИБСИЗ!». Миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз як нуқтаи назоратӣ-гузаргоҳии дигар ифтитоҳ гардид

Март 2, 2019 14:29

ДУШАНБЕ, 02.03.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз маросими ифтитоҳи нуқтаи назоратӣ-гузаргоҳии автомобилиии дуҷониба  дар сарҳад миёни  Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Боботоғи Ҷумҳурии Ӯзбекистон   баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳ Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Руслан Мирзоев, раиси Ҳисор Ш. Ҷумъазода ва раиси Боботоғ С. Хидиров иштирок намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сардори Хадамоти матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғходжаев хабар медиҳад.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар робита ба ин рӯйдод дар назди гузаргоҳ ҳам аз ҷониби Тоҷикистон ва ҳам аз ҷониби Ӯзбекистон одамони зиёд дар даст парчамҳои ду давлат ва гулу гулдастаҳо ҷамъ омада, якдигарро шодбош мегуфтанд.

Дар доираи маросими ифтитоҳ ҳамчунин консерти идона баргузор гардид.

«Ин гузаргоҳ ҳанӯз дар даврони шӯравӣ бунёд шуда буд. Ҳоло он мутобиқ ба талаботи замонавӣ таҷдид гардида, бо техника муосир ва имконот барои ҷорӣ намудани хадамоти сарҳадӣ муҷаҳҳаз шудааст», — иттилоъ дод М. Улуғхоҷаев.

Бояд зикр намуд, ки имрӯз миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 17 нуқтаи назоратӣ- гузаргоҳӣ фаъолият мекунад.

Ифтитоҳи гузаргоҳ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон бо шарофати азму талош ва иродаи сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев имконпазир гардид.

ДАР АКС: Соли 2018 дар шаҳри Душанбе Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо ҳамтои ӯзбекаш Руслан Мирзоев созишномаи ҳамкорӣ миёни ду ниҳоди сарҳадиро имзо карданд. (Акс аз бойгонӣ)

Март 2, 2019 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд