Кунио Микурия: «Созмони умумиҷаҳонии гумрук барои амалӣ намудани ислоҳати соҳаи гумруки Тоҷикистон мусоидат менамояд»

Сентябрь 23, 2019 18:27

ДУШАНБЕ, 23.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре хабар додем, имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии гумрук Кунио Микурияро, ки бо сафари расмӣ ба Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Пас аз мулоқот бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии гумрук Кунио Микурия бо хабарнигорони ватаниву хориҷӣ нишасти хабарӣ доир намуд.

Зимни нишаст Кунио Микурия изҳор дошт, ки дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷмӯи масъалаҳои раванди ислоҳоти соҳаи гумрук дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар миқёси шаҳри Душанбе ва дигар дидбонгоҳҳои минтақаҳои сарҳадӣ баррасӣ гардиданд.

Кунио Микурия афзуд, ки барои беҳбуд бахшидани фаъолияти Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тадбирҳои мушаххас мавриди амал қарор гиранд. Дар ин раванд омода намудани кадрҳои соҳа, таъмин ва муҷаҳҳаз гардонидани дидбонгоҳҳо бо технологияҳои муосир ва таҷдиди инфрасохтори гумрукӣ зарур мебошад, ки ин пеш аз ҳама, барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои шарикии Тоҷикистон бо Созмони умумиҷаҳонии гумрук мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук /СҶГ- WCO – World customs organization/ Кунио Микурия бо сафари расмии серӯза ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Ҳамзамон Кунио Микурия дар Душанбе бо сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода мулоқот намуд.

Кунио Микурия дар ҳошияи сафари расмӣ ба Тоҷикистон аз дидбонгоҳҳои гумрукии «Терминал»-и Раёсати минтақавии гумрукии шаҳри Душанбе ва дидбонгоҳи гумрукии «Дӯстӣ»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода боздид намуда, бо фаъолияти онҳо аз наздик шинос гардид. Дабири кулли СҶГ инчунин аз «Кохи Наврӯз», ангурбоғи шаҳри Турсунзода ва дараи Варзоб дидан хоҳад кард

Сентябрь 23, 2019 18:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Лондон мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо донишҷӯёни тоҷик дар Британияи Кабир мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловски Русия мулоқот намуд
Дар Лондон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори идории ширкати «Wien Energy» мулоқот намуд