Оғози фаъолияти корхонаи коркарди шири ҶДММ «Шири Данғара» бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон

Сентябрь 12, 2019 09:00

ДУШАНБЕ, 12.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Сипас дар ноҳияи Данғара бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди шир ба фаъолият оғоз намуд.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Данғара» 11 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, сметана, ҷурғоти хонагӣ ва 3 намуд кефири мевагӣ, творог, чакка ва шир истеҳсол карда мешавад.

Иншооти саноатӣ аз тарафи соҳибкор Баҳром Олимов бунёд карда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон барои мусоидат дар татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда изҳорӣ сипос намуданд.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Данғара» 25 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷойи кор фаро гирифта шуданд.

Ҳамзамон дар ҳамин ҷо нақшаҳои оянда барои васеъ намудани самти фаъолияти корхона ба муҳтарам Пешвои миллат муарифӣ карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки оянда аз тарафи соҳибкор фермаи чорвои калони шохдор бунёд карда мешавад. Бо ин мақсад 100 сар говҳои зотӣ ворид карда хоҳанд шуд.

Ҳамзамон бунёду ба истифода додани корхонаҳои хурди истеҳсоли яхмос, коркарди гӯшт ва истеҳсоли ҳасиб ба нақша гирифта шудааст.

Тавре дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дарҷ гардидааст, гузаштан аз кишвари агро-саноатӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ яке аз ҳадафҳои аслӣ маҳсуб меёбад.

Ифтитоҳи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Данғара» дар доираи татбиқи нишондодҳои ин ҳадафи стратегӣ сурат гирифта, барои саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат мекунад.

Оғози фаъолияти корхонаи коркарди шири ҶДММ «Шири Данғара» 12.09.2019

Сентябрь 12, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан анҷом ёфт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Попи Рим Франсиск мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд