Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб Фабрикаи парандапарвариро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Сентябрь 11, 2019 09:58

ДУШАНБЕ, 11.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 11 сенятбри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фабрикаи парандапарварии ҶДММ «Саман»-ро, ки дар деҳоти Кӯлоб бо саҳми соҳибкор Масидиқ Одинаев сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Фабрикаи парандапарварӣ барои парвариши 200 ҳазор сар паранда пешбинӣ шуда, дар марҳилаи аввал аллакай парвариши 50 ҳазор сар паранда дар он ба роҳ монда шудааст ва бо технолологияи муосир муҷаҳҳаз мебошад.

Масоҳати умумии фабрикаи парандапарварӣ 5,05 гектарро ташкил дода, дорои се мурғхона ва анбори нигоҳдории тухм аст.

Дар сурати пурра фаъолият намудани фабрикаи парандапарварӣ иқтидори истеҳсолӣ зиёда аз 150 ҳазор дона тухм дар як рӯзро ташкил хоҳад дод.

Сарвари давлат ҳангоми шиносоӣ ба ҷорӣ намудани чунин технологияи муосири парвариши мурғ дар фабрикаи мазкур баҳои баланд доданд.

Дастгоҳу таҷҳизоти фабрикаи мазкур аз Туркия бо маблағи 5 миллион сомонӣ харидорӣ гардида, ба таври автоматӣ идора карда мешавад.

Фабрикаи парандапарварӣ дорои як қатор иншооти ёрирасон мебошад, ки аз рӯи лоиҳа бунёди инфрасохтори он 12,9 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар сохтмони фабрикаи парандапарварӣ зиёда аз 30 нафар мутахассисон ва коргарони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.

Фабрикаи парандапарварӣ аз ҷониби корхонаи фаръии КВД «Лоиҳакаш»-и шаҳри Кӯлоб сурат гирифтааст.

Сохтмони фабрикаи парандапарварӣ моҳи апрели соли 2018 оғоз ва 11 сентябри соли 2019 пурра ба анҷом расида, мавриди истифода қарор гирифт.

Ифтитоҳи Фабрикаи парандапарварӣ дар шаҳри Кӯлоб 11.09.2019

Сентябрь 11, 2019 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан анҷом ёфт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Попи Рим Франсиск мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд