Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон қисми аввали бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 43-ро дар шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд

Сентябрь 11, 2019 16:13

ДУШАНБЕ, 11.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб қисми аввали бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 43-ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд.

Мактаб аз 3 ошёна иборат буда, барои 1250 нафар дар ду баст пешбинӣ шудаст. Он бо дастгирӣ ва маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншоотҳои инфрасохтори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.

Имрӯз дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми лоиҳа ба истифода дода шуд. Мактаб аз 3 ошёна ва 28 синфхонаи фаннӣ иборат буда, дар он шароити беҳтарини донишомӯзӣ муҳайё карда шудааст.

Аз руи маълумоти шахсони масъул дар марҳилаи ояндаи лоиҳа ошхона, толорҳои маҷлис ва варзиш сохта мешавад.

Мавриди зикри хос аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ, ваҳдати комили сартосарӣ ва талошҳову ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф рушд карда, ба яке аз самтҳои афзалиятнок ва пешбарандаи ҷомеа табдил ёфтааст.

Баъди шиносоӣ бо шароити таълим дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 43 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорони мактаб суҳбати самимию созанда доир карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгоронро ба беҳтар кардани сифати таълиму тарбия, дар замири хонандагон бедор намудани ҳисси ватандорию ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни халқ ва муқаддастои миллӣ ва ба роҳ мондани робитаи зич бо падару модарон, ҳидоят карданд.

Ифтитоҳи қисми аввали бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 43 дар шаҳри Кӯлоб 11.09.2019

Сентябрь 11, 2019 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан анҷом ёфт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Попи Рим Франсиск мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд