Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон ва Венгрия мулоқоти навбатии аъзои Кумитаи ҳидояткунандаи гурӯҳи «Дӯстони об» баргузор гардид

Октябрь 25, 2019 13:10

 ДУШАНБЕ, 25.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ню-Йорк 24 октябр бо ибтикори намояндагиҳои доимии Тоҷикистон ва Венгрия дар СММ мулоқоти аъзои Кумитаи ҳидояткунандаи гурӯҳи «Дӯстони об» баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов зимни суханронӣ ҳозиринро бо корҳои тадорукотии Конфронси дуввуми сатҳи баланди байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» (моҳи июни 2020, Душанбе) шинос кард ва аз онҳо ҷиҳати иштироки фаъол дар раванди мазкур даъват ба амал овард.

М. Маҳмадаминов ҳамчунин оид ба натиҷаҳои ҷаласаи якуми Кумитаи машваратии байналмилалӣ (25 августи 2019, Стокҳолм) ва чорабинии канории сатҳи баланд таҳти унвони «Амалҳои муваффақ дар соҳаи об барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои марбут ба тағйирёбии иқлим» (25 сентябри 2019, Ню-Йорк) маълумот дод.

Мавриди зикр аст, ки Кумитаи ҳидояткунандаи гурӯҳи «Дӯстони об» аз 16 кишвари аъзои СММ, аз ҷумла Бразилия, Канада, Миср, Ҳабашистон, Финляндия, Венгия, Эрон, Япония, Урдун, Лубнон, Мексика, Федератсияи Россия, Сингапур, Швейтсария, Тоҷикистон ва Таиланд иборат мебошад.

АКС: ВКХ ҶТ

Октябрь 25, 2019 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Туркманистон масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои машваратии роҳбарони мақомоти интихобот ва раъйпурсии кишварҳои иштирокдори ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Малайзия танзими сафарҳои расмии сатҳи олиро баррасӣ намуданд
Покистон талошҳои Тоҷикистонро дар таҳкими сулҳу субот дар минтақа самарабахш арзёбӣ менамояд
Дар Ашқобод Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо директори генералии Агентии танзимкунандаи фаъолияти хайриявии Қатар мулоқот намуд
Исматулло Насредин ва Дэн Ҷарвис масъалаҳои минтақавӣ ва ҳамкориро баррасӣ намуданд
Дар Женева 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе машваратҳои байниидоравии Тоҷикистон ва Эрон баргузор шуданд
Тавсеаи ҳамкории гуногунҷабҳа байни Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар шаҳри Абузабӣ дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ гардид