Дар Душанбе машваратҳои байниидоравии Тоҷикистон ва Эрон баргузор шуданд

Сентябрь 19, 2024 09:51

ДУШАНБЕ, 19.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 18 сентябр дар шаҳри Душанбе байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон машваратҳо дар самти фаъолияти таҳлилию пажуҳишӣ дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохторӣ доир гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни машваратҳо масъалаҳои марбут ба фаъолияти таҳлилии ниҳодҳои сиёсати хориҷии ду давлат, инчунин таҳаввулоти минтақавию байналмилалӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар бахши пажуҳишҳои сиёсӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 19, 2024 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Лаҳистон доир шуданд
Дар Москва ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкории байнипарлумониро мавриди баррасӣ қарор доданд
Дурнамои рушди робитаҳои Тоҷикистон ва Туркманистон дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифт
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» муҳокима гардид
Дар Женева чорабинии канории Тоҷикистон дар ҳошияи иҷлосияи 57-уми Шурои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Австрия доир шуданд
Дар Женева робитаҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Беларус мулоқот намуд
Байни Тоҷикистон ва Қатар ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сармоягузорӣ густариш меёбад
Дар шаҳри Ҳамбург ҷашни Меҳргон таҷлил гардид
Шараф Шерализода бо мудири минтақавӣ ва намояндаи Дафтари Аврупоии Барномаи муҳити зисти СММ мулоқот намуд