Шамсиддин Орумбекзода бо иштирокчиёни Фестивали байналмилалӣ мулоқот намуд

Октябрь 28, 2019 14:40

ДУШАНБЕ, 28.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар доираи баргузории  Фестивали байналмилалии «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии  Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо иштирокдорони фестивали мазкур:  олимон, ромишгарон, чеҳраҳои шинохтаи соҳаи фарҳанг ва санъат аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дидор ва гуфтугӯи судманд намуд.

Дар ин бора аз  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат Хайридин Усмонзода иброз дошт, ки Фестивали байналмилалии «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии  Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», ки то 30 октябр идома меёбад,  дар ҳаёти фарҳангии мамлакат аҳамияти вижа дорад.  Он, бешубҳа, ба фаъолгардии равандҳои наздикшавии фарҳанг ва санъати кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мусоидат менамояд.

Вазири  фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода иқдоми пешгирифтаи Раёсати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистонро дар хусуси баргузор намудани фестивали байналмилалӣ муҳим арзёбӣ намуда, иштирокчиёни ҳамоишро ба сарзамини зебоманзари Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.  Мавсуф иброз дошт, ки «донишкада давоми солҳои зиёди фаъолияташ барои муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ ва берун аз он мутахассисони баландихтисос тайёр менамояд, ки дар байнашон чеҳраҳои дорои шуҳрати ҷаҳонӣ кам нестанд. Фарҳангҳо  халқу миллатҳоро ба ҳам наздиктар месозанд. Фарҳанги кишварҳои мо, бахусус, Осиёи Марказӣ ва Россия оғоз аз асри 18 ба ҳам пайванданд».

Вазири фарҳанг таваҷҷуҳи иштирокдорони вохӯриро ба муаррифии шоистаи фарҳанги миллӣ ҷалб сохта, тазаккур дод, ки миллати тоҷик соҳиби оину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадимӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми бориз дорад.

«Имрӯз ҷаҳониён Тоҷикистонро тавассути сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешиносанд. Сиёсати «дарҳои кушода» чун меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир воқеӣ, дуруст ва судовар будани худро нишон дод. Ин сиёсат доираи шарикони Тоҷикистонро афзоиш бахшида, барои таъмин намудани иштироки густурдаи ҷумҳуриамон дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард»,-зикр намуд Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода.

Октябрь 28, 2019 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Пагоҳ Душанбе мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид