АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» қабул гардид

Декабрь 17, 2019 15:00

ДУШАНБЕ, 17.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша зимни ироаи паёмҳо ба Маҷлиси Олӣ ва суханрониҳояшон дар мулоқоту суҳбатҳо оид ба афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир изҳори назар менамоянд. Аз ҷумла, Сарвари давлат зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ охири моҳи декабри соли 2018 дар ин робита гуфта буданд: «Шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона, имрӯз ҳам паст нашудааст».

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин Паём бо таҳлили дурбинонаи вазъ ва ёдоварӣ аз ҳодисаҳои мудҳиши террористии солҳои охир дар ҷаҳони муосир мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ даъват намуда, ба Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ супориш дода буданд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлия ҷиҳати такмили заминаҳои ҳуқуқии пешгирӣ кардани экстремизм ва таҳияи тарзу усулҳои муосири муқовимат бо ин зуҳурот лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Ҳамин тариқ, 21 июни соли 2019 дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд масъалаҳои муҳим, аз ҷумла, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» мавриди муҳокимаи аъзои Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

28 ноябри соли равон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм»- ро баррасӣ ва қабул намуд.

Аз рӯи масъалаи мазкур дар ҷаласаи палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотам Назарзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷурахон Маҷидзода ва дигар вакилони мардумӣ сухан гуфтанд.

Зикр гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» дар таҳрири нав ҷиҳати иҷрои банди 56 нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 баён гардиданд, аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ аз ҳисоби намояндагони Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таҳия гардида, аз 6 боб ва 30 модда иборат мебошад.

«Лоиҳаи қонуни мазкур бо риояи Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия гардида, мафҳуми экстремизм, асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба экстремизмро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд»,- иброз дошт Ҳотам Назарзода.

Ба гуфтаи мавсуф, Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» 8 декабри соли 2003, яъне 16 сол қабл қабул шудааст. Дар ин давра, — иброз дошт Ҳотам Назарзода,- вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон тағйир ёфта, ба таври ҷиддӣ фаъолшавии гурӯҳҳои экстремистӣ мушоҳида мегардад. Аз ин рӯ қонуни амалкунанда ба ин таҳдидҳои замони нав ҷавобгӯй намебошад.

Бояд гуфт, ки дар номи лоиҳаи қонун калимаи «мубориза» ба калимаи «муқовимат», ки мафҳуми васеътар мебошад, иваз шудааст. Зеро мафҳуми «муқовимат ба экстремизм» маҷмӯи чораҳои огоҳсозӣ, пешгирӣ, мубориза ва рафъи экстремизмро дар назар дорад.

«Муродифи калимаи «экстремизм» — «ифротгароӣ» бо мақсади аз байн бурдани такроршавии мафҳумҳо истифода нашуда, дар шарҳи мафҳуми «экстремизм» оварда шудааст. Мафҳумҳои асосие, ки дар лоиҳа истифода мешаванд, бо тарзи нав ва дарназардошти меъёрҳои санадҳои байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда мушаххас карда шудаанд», — зикр шуд дар ҷаласаи болозикр.

Ба иттилои муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар лоиҳаи қонун ба асосҳои ҳуқуқии муқовимат ба экстремизм, чораҳои мушаххаси ин муқовимат, баҳисобгирӣ ва ба ҷавобгарии ташкилотҳои экстремистӣ ва шахсони ба фаъолияти экстремистӣ дастзада, инчунин ба ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба экстремизм бобҳои алоҳида бахшида шудаанд.

Инчунин тибқи лоиҳа, Рӯйхати субъектони муқовимат ба экстремизм васеъ гардида, он ба субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда ва субъектҳое, ки дар муқовимат ба экстремизм иштирок менамоянд, тақсим ва ҷиҳати амалӣ намудани фаъолият ваколатҳои онҳо дақиқ карда шудааст.

Ҳангоми таҳияи лоиҳа,- афзуд Ҳотам Назарзода, таҷрибаи дигар давлатҳо ва Қонуни моделӣ «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», ки 14 майи соли 2009 аз ҷониби Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ қабул гардидааст, ба инобат гирифта шуд.

Мавриди зикри хос аст, ки роҳбарияти   Тоҷикистон ба муқовимат бо терроризму экстремизм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин ҷода тадбирҳои таъхирнопазир андешидааст. Қабул ва татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025, Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат бо экстремизм ва терроризми байналмилалӣ муайян менамоянд, гувоҳи ин гуфтаҳоянд.

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 17, 2019 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Дар Душанбе вобаста ба хатари хурофот ва ифротгароӣ ҳамоиш доир шуд
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат