ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2019. АМИТ «Ховар» беҳтарин ВАО дар тарғиби соҳаи варзиш дар соли 2019 эълон гардид

Декабрь 25, 2019 15:09

ДУШАНБЕ, 25.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 24 декабр дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба фаъолони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш дар соли 2019 баргузор гардид.

Дар ин рӯз Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» беҳтарин  ВАО дар тарғиби соҳаи варзиш дар соли 2019 эълон гардида, бо диплом ва  ҷоизаи махсус мукофотонида шуд.

Бояд таъкид намуд, ки дар маросими ҷоизасупорӣ муовини Сарвазири ҷумҳурӣ, Раиси Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, роҳбарони вазорату идораҳо, федератсияҳои варзишӣ, собиқадорони соҳа,  варзишгарон ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд.

Азим Иброҳим зимни сухани табрикӣ изҳор дошт, ки «бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш сол то сол рушд мекунад. Таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва тақдими хосаи он дар маросими ҷамъбастии сол баёни он аст, ки ташаккул бахшидани варзиш ва дастгирӣ намудани варзишгарон дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зеро варзиш беҳтарин воситаи муаррифӣ намудани давлату миллат ба ҳисоб рафта,  халқи тоҷик ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавӣ зери сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат устуворона ба марҳилаи нави  рушду ташаккул ва таҳкими идеяи миллати солим ворид гардида истодааст».

Декабрь 25, 2019 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» ҷамъбаст гардид
Шаҳри Панҷакент расман «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» эътироф гардид
Ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
КИТОБ-МУАРРИФИ ДАСТОВАРДҲОИ АДИБОН. Бардошт аз баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе»
Байни «Тоҷикфилм» ва шаш киностудияи кишварҳои ИДМ ва хориҷи наздик Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз гардид
Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии «Тоҷи Сомон»-ро коргардони тоҷик Муҳиддин Музаффар соҳиб шуд
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Пагоҳ дар Душанбе намоиши сенздаҳуми байналмилалӣ оғоз мегардад
Эмомалӣ Раҳмон: «Таҷлили Меҳргон далели эҳтиром ба фарҳанги қадима ва суннатҳои созандаи миллати тоҷик аст»
Имрӯз дар Фестивали «Оши палов» намудҳои гуногуни ин таоми миллӣ омода карда шуданд