Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба гузориши ИМА оид ба вазъи ҳуқуқи инсон

Март 13, 2020 17:37

ДУШАНБЕ, 13.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. 11 марти соли ҷорӣ Департаменти давлатии ИМА гузориши навбатии солонаро оид ба вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои ҷаҳон мунташир намуд.

Дар робита ба ин имрӯз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳорот интишор кард, ки матни пурраи онро дар зер пешкаш менамоем:

«Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим медонад, таъкид намояд, ки ҷиҳати баррасӣ ва арзёбии риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон абзорҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Шӯрои ҳуқуқи инсон ва Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ фаъолият доранд, ки ба онҳо ваколати арзёбии вазъи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон вогузор шудааст.

Бояд гуфт, ки дар гузориши Департаменти давлатии ИМА таҳлили воқеъбинонаи вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дида нашуда, он бештар оҳанги сиёсӣ дорад. Гузашта аз ин, муаллифони санад асосан ба манбаъҳои манфиатдор такя намудаанд, ки ин омил саҳеҳ будани маълумоти нашршударо зери шубҳа мегузорад.

Дар санад такрори матнҳои гузоришҳои қаблӣ, маълумоти носанҷида дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба мушоҳида мерасанд. Таҳиякунандагони гузориш ба ҷанбаҳои сершумори масъалаи мавриди баррасӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир накарда, вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварро асосан манфӣ арзёбӣ намудаанд.

Шигифтовар аст, ки дар санади мазкур саъю талошҳои кишвар дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, таъмини амният ва пойдории сулҳу субот, ки бидуни он таъмини ҳуқуқи инсон ғайриимкон мебошад, бозтоб наёфтаанд.

Чунин гузоришҳо ҳар сол аз ҷониби Департаменти давлатӣ ба нашр расида, санади сирфан дохилӣ мебошанд. Ин гуна бархӯрд ҷавобгӯ ба сатҳи муносибатҳои дӯстона ва шарокати ду кишвар намебошад. Гузашта аз ин, кӯшишҳои мазкур ба принсипҳои муқаррарнамудаи Оинномаи СММ, аз ҷумла эҳтиром ба соҳибихтиёрии кишварҳо ва дахолат накардан ба корҳои дохилии кишварҳои дигар мухолифат мекунанд.

Бояд таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аксари паймонҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсонро ба тасвиб расонида, уҳдадориҳои байналмилалии худро дар чаҳорчӯби он санадҳо бо масъулият иҷро менамояд. Қонунгузории соҳавӣ тадриҷан такмил ёфта, Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, дафтарҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шудаанд ва бомуваффақият фаъолият доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон абзорҳои миллии арзёбии вазъи ҳуқуқи инсонро, ки бархе кишварҳои ҷаҳон якҷониба ва ба манзури таъсир расонидан ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварҳои дигар ҳадафмандона ба кор мебаранд, ғайри қобили қабул ва мухолиф ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мешуморад.

Аз ин рӯ, аз Департаменти давлатии ИМА даъват мешавад, ки аз интишори маълумоти носанҷида ва беасос, ки ба вазъи воқеии волоияти қонун ва риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон рабт надорад, худдорӣ намояд.

Тоҷикистон ба идома додани муколамаи ошкоро ва созанда бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ИМА дар масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи инсон ҳамеша омода аст».

Март 13, 2020 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон барои рушди устувор ва иқтисоди «сабз» бо Комиссияи иқтисодии СММ ҳамкорӣ менамояд
Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона дар доираи ИДМ саҳми назаррас дорад
Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайид: «Робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Қатар муҳим арзёбӣ мегарданд»
Қоҳир Расулзода бо Валиаҳди Салтанати Негери Сембилани Малайзия Шоҳзода Тунку Алӣ Ризауддин ибни Муҳри мулоқот намуд
Холид Ал-Фолеҳ: «Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон беш аз 14 лоиҳаро тавассути Фонди саудии рушд амалӣ намудааст»
Намояндаи Тоҷикистон дар Форум оид ба сиёсати бетарафӣ, зеҳни сунъӣ (AI) ва ояндаи рақамӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар Конгресси ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи табиат дар Абу Забӣ иштирок намуд
Сироҷиддини Муҳриддин: «Музокироти сарони кишварҳои ИДМ дар фазои созандаю самарабахш ва корӣ баргузор шуд»
Сергей Лебедев аз нав Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъйин гардид
Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ нишасти матбуотӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад
Сарвазири Арманистон Никол Пашинян бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард