Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Мирҳамуддин Камолзода: «Корхонаҳои дӯзандагӣ дар як шабонарӯз аз 5 то 30 ҳазор дона ниқоб истеҳсол мекунанд»
ДУШАНБЕ, 16.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ дар якчанд корхонаҳои дӯзандагии ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ноҳид», ҶДММ «Сифат саноат», ҶДММ «Фарм Текс», ҶДММ «Нассоҷӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва ҶДММ «Нури Ховар» ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ машғул буда, дар як шабонарӯз аз 5 то 30 ҳазор дона ниқоб истеҳсол мекунанд. Дар ин бора муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар мавриди истифодаи дурусти ниқобҳои тиббӣ Мирҳамуддин Камолзода иброз дошт, ки ниқобҳои тиббӣ ҷой ва техникаи пӯшидан доранд. Пӯшдани он танҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ: дохили биноҳои серодам ва нақлиёти ҷамъиятӣ тавсия дода мешавад. Инчунин гирифторони бемориҳои шадиди роҳҳои нафас (зуком) метавонанд аз ниқобҳо истифода баранд, зеро онҳо тавассути сулфа, атса ва гапзанӣ вирус ва дигар барангезандаҳоро ба муҳити атроф паҳн менамоянд.
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ зикр намудааст, ки ниқобҳои тиббӣ аз коронавирус ҳифз карда наметавонанд, вале онҳо хатари сироятро кам менамоянд. Пӯшидани ниқобҳои тиббӣ метавонад сабаби маҳдуд шудани бемориҳои роҳи нафас гардад. Вале, танҳо истифодаи ниқоб кафолати ҳифз намудан аз сироятро надорад, бояд ҳамчунин чораҳои дигари пешгирикунанда аз вируси КОВИД-19 риоя карда шаванд.
Ба тавсияи мутахассисон, барои пешгирӣ аз коронавирус бояд ҳар як нафар гигиенаи шахсиро риоя намуда, ба пардаҳои луобӣ: бинӣ, чашм ва даҳон камтар даст расонад.
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз ягон ҳолати гирифторшавӣ ба вируси нав ба қайд гирифта нашудааст. Новобаста ба ин, чораҳои пешгирӣ ҷиҳати интиқол наёфтани сирояти мазкур ба мамлакат пурзӯр карда мешаванд.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз 1 феврал то 14 марти соли равон 1603 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Япония, Италия, Эрон ва Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, ба карантин фаро гирифта шудаанд. Айни замон 323 нафар дар беморхонаҳои сироятии мамлакат зери назорати карантинӣ мебошанд.
АКС:лаҳзаи корӣ дар ҶДММ «Фарм Текс». Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар».








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






