74 деҳаи вилояти Хатлон бо хизматрасонии барқи доимӣ ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин карда мешаванд

Апрель 22, 2020 15:30

ДУШАНБЕ, 22.04.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Дар ояндаи наздик 74 деҳаи вилояти Хатлон бо хизматрасонии барқи доимӣ ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин карда мешаванд. Аз ин миқдор 30 деҳа ба ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, 21 деҳа ба ҳудуди ноҳияи Фархор ва 23 деҳа ба ҳудуди ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ рост меояд. Хизматрасонии мазкур дар доираи лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот» пешбинӣ гардидааст, ки аз ҳисоби маблағҳои грантии Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд дар ҳаҷми 6,5 миллион доллари америкоӣ татбиқ карда мешавад.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, вобаста ба ин имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси тасдиқ намудани Созишномаи лоиҳавӣ байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот» якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Созишномаи мазкур 13 ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода зимни шарҳи ин масъала дар ҷаласаи палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар доираи лоиҳа асосан барқтаъминкунии деҳаҳои бебарқи наздисарҳадӣ ба нақша гирифта шудааст.

«Дар доираи чорабиниҳои пешбининамудаи Созишнома барқтаъминкунии 74 деҳа тавассути сохтмон ва навсозии 111 километр хатҳои интиқоли барқи 6 ва 10 киловолт,  159 километр хатҳои интиқоли барқи 0,4 киловолт  ва насби 87 адад трансформаторҳои тақсимотӣ ва пайваст намудани онҳо ба шабакаҳои барқии мутамаркази ширкати «Барқи тоҷик» пешбинӣ гардидааст»,- зикр намуд Вазир.

Ба гуфтаи Усмоналӣ Усмонзода, яке аз афзалиятҳои асосии лоиҳа дар он мебошад, ки бо татбиқ гардидани он тақрибан 31 ҳазор нафар сокинони ноҳияҳои зикргардида бо неруи барқи доимӣ таъмин гардида, инчунин ба истифодаи таҷҳизоти муосир дастрасӣ пайдо менамоянд.

Бо назардошти ин гуфтаҳо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи зикршударо якдилона ҷонибдорӣ ва тасдиқ намуданд.

Апрель 22, 2020 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» ҳамоиш баргузор гардид
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйироту илова ворид гардид
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд