Футбол: КМВА ва «Регар-ТадАЗ» бар ҳарифонашон ғолиб омаданд

Апрель 20, 2020 11:23

ДУШАНБЕ, 20.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои истироҳатӣ 4 бозии даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуд. Дастаи футболи  «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода барандаи медалҳои биринҷии мавсими гузашта дар майдони худ- дастаи  «Истаравшан»-и шаҳри Истравшанро бо ҳисоби 4:1 мағлуб намуд. Мавзӯи мазкурро мухбири АМИТ «Ховар» шарҳ медиҳад.

Дар ҳайати дастаи «Регар-ТадАЗ» Шероз Муҳаммадиев ва Диловаршо Ғаниев дуголӣ ба нишон расониданд. Голи дастаи футболи  «Истаравшан»-и   шаҳри Истравшанро  Илҳомҷон Баротов зад.

Вохӯрии дигар миёни дастаҳои нави Лигаи олӣ – «Душанбе-83»-и Душанбе  ва «Файзканд»-и ноҳияи  Восеъ мусовӣ анҷом ёфт – 0:0. Бо ин ҳисоб  дастаи  футболи «Душанбе-83» дар Лигаи олӣ аввалин хол ба даст овард. Бозии марказии даври сеюм миёни дастаҳои  пешсаф  – «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  сурат гирифт, ки ғолиб муайян нашуд. Дастаҳо баробар – 2:2 бозӣ карданд. Ҳисобро дар дақиқаи 9-ум бозингари дастаи   «Хатлон»   Парвиз Боқиохунов кушод. Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 32 ҳисобро баробар кард.  Қабл аз танаффус Умарҷон Шарифов тӯби дуюмро вориди дарвозаи   «Истиқлол» кард. Бозингарони дастаи  «Истиқлол»  дар вақти иловагӣ тавонистанд аз бохт раҳо ёбанд. Дар дақиқи 90+5 сардовар Насрулло Кабиров пеналтӣ таъйин кард, ки онро Манучеҳр Ҷалилов бехато иҷро намуд.

Дар бозии дигар  дастаи  КМВА бар дастаи нави Лигаи олӣ – «Локомотив-Помир»-и Душанбе  бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Аввалин ғалабаи дастаи артишро Шодибек Ғаффоров, Дилшод Восиев ва Нодирбек Иброҳимов таъмин карданд. Голи  дастаи  «Локомотив-Помир»-и Душанберо дар ин дидори ҷолиб Ислом Зоиров ба ҳадаф расонид. Бозии охирини даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон 22 апрел миёни дастаҳои футболи   «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд  баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар  бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон, ки 11-12 апрел дар варзишгоҳҳои  мамлакат сурат гирифтанд, дастаҳои  футболи «Локомотив-Помир»-и  Душанбе  ба «Душанбе-83»-и  Душанбе  бо ҳисоби 1:0, «Истиқлол»-и Душанбе ба  КМВА бо натиҷаи 2:0, «Хатлон»-и Бохтар ба «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби  3:2 «Кӯктош»-и ноҳияи  Рӯдакӣ  бар  «Истаравшан»  бо натиҷаи  3:0  ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ ба «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби   3:2  ғолиб омада буданд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 2-юм

«Хуҷанд» – «Хатлон» – 2:3.

Голҳо: Худойдод Узоқов, 20 (0:1). Сорбон Авғонов, 35 (0:2). Санҷар Рисхибоев, 47 (1:2). Парвиз Баки-Ахунов, 72 (1:3). Дилшод Бозоров, 90+7 (2:3).

«Истиқлол» — КМВА  2:0

Голҳо: Алишер   Ҷалилов, 19 ва Шериддин Бобоев, 86

«Файзканд» – «Регар-ТадАЗ» – 3:2

Голҳо: Сайёди Ковусшо, 6 –пеналти (1:0). Ҳоҷиакбар Узоқов, 45+1 (1:1). Сардорбек Эминов, 77 (1:2). Далерҷон Тухтасунов, 79 (2:2). Вайсиддин Сафаров, 85 (3:2).

«Истаравшан» – «Кӯктош» – 0:3

Голҳо: Собирҷон Холматов, 79 (0:1). Азизбек Султонов, 83 (0:2). Далер Ёдгоров, 90+1 (0:3).

«Локомотив-Помир» – «Душанбе-83» – 1:0

Гол: Изатулло Рузиев, 75 – (худгол).

Б Ғ М Б Т Х
1 «Истиқлол» (Душанбе) 3 2 1 0 11-2 7
2 «Хатлон» (Бохтар) 3 2 1 0 7-5 7
3 «Файзканд» (Восеъ) 3 1 2 0 5-4 5
4 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 2 1 1 0 3-0 4
5 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 3 1 1 1 6-4 4
6 «Локомотив-Помир» (Душанбе) 3 1 1 1 4-5 4
7 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 2 1 0 1 5-4 3
8 КМВА (Душанбе) 3 1 0 2 4-6 3
9 «Душанбе-83» (Душанбе) 3 0 1 2 0-8 1
10 «Истаравшан» (Истаравшан) 3 0 0 3 2-9 0
Апрель 20, 2020 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

QAZAQSTAN BARYSY GRAND SLAM 2024: Темур Раҳимов дар вазни +100 кг медали нуқра ба даст овард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Давҳа ҷамъомади тамринӣ мегузаронад
ФУТБОЛ. Бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2024 байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Равшан» дар шаҳри Турсунзода доир мегардад
ФУТБОЛ. Пагоҳ бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2024 байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Равшан» дар шаҳри Турсунзода доир мешавад
Муҳаммад Шарифзода дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо соҳиби медали тилло гардид
Ташаббуси глобалии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ оид ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол дар маҷаллаҳои нашриётӣ ва электронии Покистон инъикос гардид
Ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон оид ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол дар воситаҳои ахбори оммаи Швейтсария тарғиб гардид
Маҷмаи Умумии СММ ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалиро оид ба эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол ҷонибдорӣ намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар раддабандии якуми ФИФА зинаи 34-ро ишғол намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Дар рӯзи охири мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон 3 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Темур Раҳимов дар вазни +100 кг медали нуқра ба даст овард