Пахши мустақими бозиҳои Чемпионати футболи Тоҷикистонро дар Испания, Сербия, Украина ва дигар давлатҳои ҷаҳон тамошо мекунанд

Апрель 22, 2020 13:10

ДУШАНБЕ, 22.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳоле ки бозиҳои футбол дар саросари ҷаҳон  бо сабаби паҳншавии   бемории  коронавирус муваққатан қатъ шудаанд, футболбозону мухлисони зиёд аз кишварҳои гуногун рақобатҳои футболи Тоҷикистонро тамошо мекунанд. Зимни ин бозиҳо  бозингарони тоҷик ба онҳо паёму орзуи шифо мефиристанд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти шореҳи варзиши телевизион Бобоҷон  Холмуродзода хабар медиҳад.

Тоҷикистон аллакай «Лестер»-и худро дорад. Бозии марказии даври сеюми Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»  ва «Хатлон»-ро расонаи машҳури испании «AS»  бо ин сарлавҳа шарҳ додааст. Тавсифи дастаи футболи  «Хатлон» аз ҷониби расонаҳои ҷаҳонро сармураббии ин даста Аслиддин Ҳабибуллоев имконияти хубе барои бозингарони ҷавони дастааш медонад.

Ҳоло пахши мустақими бозиҳои Чемпионати футболи Тоҷикистонро шабакаҳои варзишии Испания, Сербия ва Украина расман харидаанд. Аз ин истифода бурда, дар оғози ҳар бозӣ футболбозони тоҷик ба кишварҳое, ки аз сирояти коронавирус ранҷ мекашанд, паём мефиристанд. «Футболи шумо моро рӯҳбаланд мекунад. Қавӣ бош, Испания!»-ин навиштаҷот дар атрофи майдон гузошта шудааст.

Дар даври гузашта ҳам, ки дастгирии бозингарони дастаи  «Истиқлол» ба аҳолии Испания буд, тахминан даҳ дақиқа баъд аз бозӣ бозингари маъруфи дастаи мунтахаби Испания Луис Гарсия дар саҳифаи «Инстаграм»-и худ миннатдориашро баён намуд. Рӯзномаву маҷаллаҳои испаниву сербӣ аз ин иқдом истиқбол карданд.

Дар баробари иқдоми Федератсияи футбол ва раҳбарияти дастаҳо бозингарон ҳам худро дар канор намегиранд. Онҳо бо ҳар роҳе талош мекунанд, афроди мубталои коронавирусро рӯҳбаланд созанд. Паёмҳои онҳо вокунишҳои мусбат меоранд. Масалан, мегӯянд:

«Мебинем, чӣ тавр дар дигар давлатҳо футбол нест ва одамон аз хона баромада наметавонанд. Ин ҳолат моро ғамгин мекунад. Мо ҳамеша дуогӯи шумо ҳастем».

Легионерҳои футболи тоҷик, ки шумораашон дар дастаҳои Лигаи олӣ 42 нафар аст, мегӯянд, манъ нашудани чемпионати футбол дар Тоҷикистон онҳоро хушҳол кардааст. Годсон Куйе, легионер аз Гана, ки дарвозабони дастаи  футболи  «Хатлон»-и Бохтар аст, бо забони тоҷикӣ ва каме канда-канда ҳарф мезанад. Ӯ мегӯяд: «Дар Тоҷикистон коронавирус нест. Дар Аврупо, Франсия, Испания футбол нест. Дар ин ҷо футбол рафта истодааст. Ҳамаи одамон бозиҳои Лигаи олии Тоҷикистонро тамошо мекунанд. Ин хуб аст».

Ба далели он ки дар ҳудуди Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, бозиҳои Лигаи олии мамлакат аз рӯи нақша баргузор мешаванд. Аммо бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон бозиҳо дар варзишгоҳҳо бе ҳузури тамошобинон доир мегарданд. Ҳаводорони футбол бозиҳоро тариқи телевизион тамошо мекунанд.

Бозии даври сеюми Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хатлон»-и Бохтар ҳам бо шиори «Қавӣ бошед, мардумони бародар! Мо барои шумо ва барои тамоми ҷаҳон дуогӯем», шурӯъ шуд.

Ҳамчунин барои дастгирии табибони тамоми ҷаҳон, ки муқобили пандемияи коронавирус мубориза мебаранд, дар минбари шимолии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ овезае бо навиштаҷоти «Шумо қаҳрамонони воқеии даврони моед» гузошта шудааст.

Апрель 22, 2020 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад