РУШДИ ИЛМ – МЕҲВАРИ ДАВЛАТДОРӢ. Андешаҳои Парвиз Муҳаммадзода, муовини Директори МТС дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар вохӯрӣ бо олимони мамлакат

Апрель 3, 2020 10:00

ДУШАНБЕ, 03.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти сиёсии кишвар барои мардуми мо дастоварду бурдбориҳоеро рӯи кор овард, ки имрӯз барои ҳар як шаҳрванди  Тоҷикистон  қобили эҳтирому сарфарозӣ мебошанд. Дар баробари  ин  амалҳои созандагию  бунёдкорӣ нақши Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ боз афзунтар  ба назар мерасад. Ин аст, ки  ташаббусу пешниҳод ва ҳидоятҳои Ҷаноби  Олӣ дар сарнавишти навини миллати тоҷик уфуқҳои наве ба миён  овард, ки  дар раванди ташаккули давлатдории миллӣ ва таҳкими  истиқлолияти сиёсӣ муҳимияти  хосса  доранд.

Эълон намудани «Соли тамаддуни ориёӣ, «Соли бузургдошти забони давлатӣ», ташаббусҳои байналмилалӣ  вобаста ба оби ошомиданӣ, аз ҷумла  «Соли оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт», эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ», «Соли ҷавонон»- ин ҳама  маҳсули  сиёсати  фарҳангию  тамаддунӣ мебошанд, ки мақому манзалати мусбати давлатамонро дар сатҳҳои  гуногун  муаррифӣ  карда метавонанд.

Ҳамзамон қабули қонунҳои миллӣ: «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ», инчунин эълон намудани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва  боз дигар  пешниҳоду баргузор  намудани ҷашну идҳои гуногуни  мутаҳидкунандаи мардум- ин ҳама фаъолнокии сиёсию фарҳангӣ барои пешравӣ ва  дигаргуниҳои  навини Ватани азизамон мебошанд.

Дар баробари ин ҳама дастовардҳои  замони соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои  пай дар пайи  Пешвои миллат бо аҳли зиё ва олимони  мамлакат иқдомҳои наверо ба амал овард, ки ба раванди худшиносию  худогоҳӣ   ва  ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими миллӣ такони   ҷиддӣ бахшиданд.

Мулоқоти имсола бо аҳли зиё ва олимони мамлакат бештар ба ҳимояи амнияти зеҳнӣ, дурнамои рушди илм, ташаккул додани  тафаккури техникӣ, вазъи академияҳои мухталифи кишвар,  муассисаҳои  таҳсилоти олӣ, сатҳу сифати тарбияи кадрҳои баландихтисос  ва  масъалаҳои  бақодории манфиатҳои миллӣ вобастагӣ дошт, ки аз ҷониби  аҳли зиё ва дигар шаҳрвандони мамлакат хеле  хуш пазируфта шуд.

Дар вохӯрии мазкур  вобаста  ба  ин самтҳо мақому манзалати олим, муҳаққиқ ва илм таҳлилу баррасиҳои ҷиддӣ  пешниҳод гардиданд, ки  Президенти ҷумҳурӣ  сохторҳои дахлдорро  вобаста ба иҷрои  камбудӣ ва  норасоиҳо   муваззаф намуданд.

Ҳамзамон Президенти мамлаакт  ба  фаъолияти  аҳли зиё  баҳои  мусбат дода,  зикр намуданд, ки «зиёиёни кишвари мо дар муддати се даҳсолаи охир дар таҳкими давалатдории навини тоҷикон, муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ, адабиёти оламшумул ва санъату ҳунар саҳми муносиб гузоштаанд». Албатта,  чунин  баҳогузорӣ қадр намудани мақоми илму олим  дар шароити нави ҷаҳонишавӣ  барои рушди давлат вижагиҳои хоси худро дорад, ки аз мадди назари  Сарвари давлат дур нест.  Аз ин рӯ, Ҷаноби Олӣ ибрози ақида доштанд, ки  «дар  шароити кунунӣ  таваҷҷуҳ ба  неруи зеҳнӣ  ва сармояи инсонӣ  аҳамияти  беш аз пеш  пайдо карда, ба нишондиҳандаҳои  рушди  иҷтимоиву  иқтисодии  кишвар  таъсири  амиқ мерасонад… мо солҳои 2020-2040-ро Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон кардаем ва боварӣ дорем, ки ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад».

Албатта, ин иқдоми нек ба соҳаи илмҳое, ки вобаста ба дигаргуниҳои нави ҷомеа осебпазир гардида буданд, таъсири мусбат расонида истодааст, ки дар оянда бо дастгирии Ҳукумати  мамлакатамон заминаи рушди онҳоро таъмин менамояд. Аз ин рӯ, дар доираи  илмҳои муосир  ҳадафи  чоруми  стратегии мамлакат-саноатикунонии  босуръати кишвар муайян карда шуд. Ҷаноби Олӣ  иброз намуданд, ки «дар ин раванд мақсад дорем, ки  истифодаи  технологияҳои  муосирро  дар тамоми  соҳаҳои   иқтисоди миллӣ  густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ  ва  техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем».

Дарвоқеъ, имрӯз дар давлатамон раванди гузариш аз корхонаҳои хурди  ҷудогона ба  пайвастшавии шабакаҳои электронӣ бо  Интернет, ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ, ки алоқамандии зичро дар раванди технологияи  иттилоотию  коммуникатсионӣ  ва   банақшагирии  инноватсияро таъмин менамояд, ба вуқӯъ омада истодааст.

Бояд иқтидори иқтисодии давлат ҳамчун заминаи моддии амнияти миллӣ арзёбӣ гардад. Дар ин робита истифодаи оқилонаи сармояи инсонӣ ва табиӣ дар самти баланд бардоштани самаранокӣ ва рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ гузаришро аз иқтисоди аграрию индустриалӣ ба индустриалию аграрӣ таъмин карда метавонад.  Вобаста ба ин  дар соҳаи илм  масъалаҳое  ба миён омадаанд, ки  “ мо  бояд мавриди таваҷҷуҳи  махсус  қарор дода, барои ҳаллу фасли онҳо тадбирҳои саривақтӣ  андешем”.

Дарвоқеъ, масалан баҳри пешгирӣ намудани  истифодаи  ғайримақсадноки воситаҳои  иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва ҳифз намудани ҳадафҳои  кибертерроризм  ва дигар  ҷиноятҳое, ки  бо истифода  аз технологияҳои  иттилоотӣ ба роҳ монда мешаванд,  имрӯз  на танҳо таваҷҷуҳи  махсус лозим меояд, балки  зарурияти  тарбияи мутахассисони  ин соҳа  аҳамияти  авалиндараҷа дорад.

Зеро муҳимтарин масъалае, ки ба  ҳифзи  амнияти иттилоотии ҷумҳурӣ  равона  карда  шудааст, ин ҳимояи ду объекти асосӣ: иттилоот ва инфраструктураи иттилоотӣ мебошад. Масъалаи иттилоотонӣ на танҳо рушду инкишофи  босуръати тамаддунро метезонад ва ба баъзе самтҳои  ҳаёт  таъсири мусбӣ мерасонад, балки барои амнияти миллӣ ва ҷаҳонӣ  таҳдидҳои нави замонавиро низ  ба амал оварда метавонад.

Имрӯз сатҳи иттиллотонии ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳиме ба шумор меравад, ки ба фаъолияти аҳли зиё вобастагии зич дорад. Зиёиён  ҳамчун намунаи ибрат бояд дар ҳамкорӣ бо кормандони ВАО дар ин самт  бештар фаъол бошанд. Агар маълумоти дақиқ, саҳеҳ, саривақтӣ ва мавқеҳои расмии ҳукуматиро вобаста ба ҳама мавзӯҳои доғи рӯз дастрас ва паҳн гардад, бо ин роҳ холигӣ дар фазои иттилоотӣ боқӣ намемонад. Мардум бештар ба ингуна сарчашмаҳои иттилооти расмӣ такия намуда, фирефтаи маълумотҳои бардуруғ ва ғаразнок намегарданд.  Аз ин рӯ,   олимон ва зиёиёни кишвар дар ташвиқу тарғиби сиёсати давлатӣ уҳдадор мебошанд, ки дар паҳни маълумоти дақиқу ва ҷолиби диққат вобаста ба масъалаҳои рӯзмарра ҷомеаро бо маълумотҳои саривақтӣ  таъмин намоянд.

Ҳарчанд ташкилотҳои  террористӣ нисбат ба институтҳои давлатӣ дар масъалаи амалисозии иноватсияи техникӣ кӯшиш  дошта бошанд ҳам, лекин дар раванди гузаронидани амалиёти таҳрезӣ шуда, боз  барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ аз воситаҳои техникие истифода менамоянд, ки онҳо бемамониат  фурӯши озод доранд ва дастраси мардум шуда метавонанд.  Ҳамин тавр, ташкилотҳои динӣ-экстремистӣ ва террористӣ тавассути онҳо идеяҳои ғаразноки хешро паҳн менамоянд.

Аз ин рӯ, зиёиён, олимон ва таҳқиқотчиёни давлат бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавони кишвар саҳмгузор бошанд ва дар ин самт бо назардошти равандҳои муосири мураккаби сиёсӣ ва ҷаҳонишавӣ корҳои зиёдеро  амалӣ  намоянд.   Бояд  қайд намуд, ки зиёиён дар ҳама давру замон ҳамчун неруи бузурги  ақлонӣ, омили асосӣ ва  такондиҳандаи  ҷомеа ба ҳисоб мераванд.   Онҳо мардуми эҷодкор ва соҳибмаърифат буда, сатҳи маърифатнокии ҷомеа  аз онҳо вобастагии ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ,  чи қадарае ки ташвиқу тарғиб, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва  вохӯрию мулоқотҳо бо мардум зиёд гардад, ҳамон қадар фаъолнокии шаҳрвандон зиёд мегардад.

Илова бар ин, бо назардошти рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ зиёиёни мамлакат дар шароити кунунӣ дар баробари иштироки фаъоли худ дар фазои илмии ҷомеаи анъанавӣ ҳамчунин бояд дар фазои илмии ҷомеаи маҷозӣ иштирок фаъол дошта бошанд. Зеро насли наврас ва ҷавони имрӯзаи кишвари мо қишри фаъоли фазои маҷозӣ ва ҷомеаи иттилоотиро ташкил медиҳанд. Ва зиёнини кишвари мо бояд барои тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ, ҳифз манфиатҳои миллӣ, муаррифи эҷодиёти нави худ ба ҷомеа,   роҳнамоии ҷавонон, ҳифзи мафкураи онҳо аз бегонапарастӣ ва умуман амнияти иттилоотии  ҷомеаро танзим ва таъмин намоянд.   Бо ин мақсад ҳузури фаъол ё худ “онлайн ” будани зиёиён дар фазои иттилоотӣ талаботи замон ва амри саривақтӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ҷавонони мо имрӯз ҳамагуна маълумотро аз сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ назар ба рӯзномаҳои даврӣ ва дигар сарчашмаҳои иттилоотӣ дастрас мекунанд. Бинобарин,  иштирок ва ҳузури фаъоли зиёиён кишвар ва раҳнамоии онҳо барои ҷавонон дар фазои маҷозӣ ва ҷомеаи итттилоотӣ айни муддаост.

Ҳамаи инро ба инобат гирифта,  Пешвои миллат “вусъати  авҷгирии  зуҳуроти хатарноки  ифродгароию терроризм ва дигар мушкилоти  глобалӣ, таҳқиқи ҳамаҷонибаи  афкори фалсафию ҳуқуқӣ, иҷтимоию  сиёсӣ ва ахлоқиву  маънавро   талаби замон ҳисобида, омӯзиши фарҳанги моддиву  ѓайри моддии миллатро  самти  афзалиятноки  таҳқиқоти илмӣ” баррасӣ менамоянд.

Мавриди  зикр аст, ки ҳимоя ва рушди  илмро дар маҷмуъ  Президенти мамлакат «яке аз самтҳои меҳварии давлатдорӣ» дониста, ҳама бурдбориву камбудиҳои соҳаи мазкурро барои  ислоҳу таѓйиротҳои  сохторӣ таҳлилу баррасӣ  намуданд. «Бо дарназардошти  ин, ба Комиссияи  олии аттестатсионӣ, Академияи миллии  илмҳо, Вазорати маориф ва илм, академияҳои соҳавӣ  ва муассисаҳои  таҳсилоти олии  касбӣ  супориш дода шуд, ки  норасоиҳои зикршударо  ҳарчи зудтар бартараф карда, фаъолияти шуроҳои диссертатсиониро  мунтазам мавриди омӯзишу  таҳлил  қарор  диҳанд ва аз натиҷааш  ҳар шаш моҳ  ба астгоҳи иҷроияи Президенти  мамлакат маълумоти хаттӣ  ирсол намоянд».

Хусусан, таҳлили мақому ҷойгоҳи илм, рисолаҳои илмӣ, масъалаи муносибати  устоду шогирд ва мактабҳои илмӣ хеле борикбинона таҳлил ёфта, пешниҳод карда шуд, ки олимону пажуишгарони мо бояд этикаи илмиро риоя намуда, дар пайи аз байн бурдани  камбудию  норасоиҳо камари ҳиммат банданд. Эродҳои Пешвои миллат нисбат ба  аҳли зиё ва ҳимояи шаъну шарафи илму олим хусусияти  фаҳмондадиҳӣ  ва ислоҳталабӣ дошта, бори дигар  олимону пажуҳишгарони моро водор менамояд, ки дар назди миллату давлат ҳамеша масъулиятшинос бошанд.

Ба андешаи мо, вохӯрии  Пешвои миллат бо аҳли зиё ва  олимон-  ин  мулоқоти таърихие буд, ки барои истиқлолияти  илмии мамлакат ва пешравии   илми тоҷик заминаи  босазое  гузошта, дар  рушди  тамоми соҳаҳои ҳаёт, пешрафти  забон, фарҳанг, анъана ва дигар арзишҳои миллӣ нақши муассир дорад.

Апрель 3, 2020 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Таҳия ва муҳокимаи аввалин лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ду сол идома ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар вазорату идораҳо бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт»