COVID-19. Мулоқоти коршиносони СУТ бо масъулини соҳаи тандурустии Тоҷикистон

Май 15, 2020 08:25

ДУШАНБЕ, 15.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 14 май коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ бо масъулини соҳаи тандурустии мамлакат вобаста ба бозбинии протоколҳои клиникӣ вохӯрӣ доир намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ аз ҷониби коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба мутахассисони тоҷик вобаста ба протоколҳои клиникӣ тавсияҳои мушаххас дода шуданд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 12 май дар нишасти хабарии мустақим оид ба натиҷагирӣ аз сафари ҳайати Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон Роҳбари ҳайати Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Патрик О’Коннор  зикр намуд, ки тадбирҳои андешидаи Тоҷикистон ба вазъ на танҳо дар тамоми Осиёи Марказӣ, балки дар Аврупо низ таъсиррасон мебошанд.

«СУТ  ба маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон  эътимод дорад ва дар оянда дар ҳама марҳилаҳои вокуниш ба пайдоиши COVID-19 ба  Ҳукумати Тоҷикистон кумак хоҳад кард. Мардум бояд донанд, ки чораҳои асосии мубориза бар зидди пандемия — ин риояи гигиенаи шахсӣ ва қоидаҳои беҳдошти ҷамъиятӣ,  истифодаи  ниқоб ва  нарафтан  ба ҷойҳои ҷамъиятӣ мебошанд. Ин чизест, ки имрӯз ҳам СУТ ва ҳам Вазорати тандурустии Тоҷикистон тавсия медиҳанд ва риояи ин  қоидаҳо зарур ва ҳатмӣ мебошад»,- гуфт роҳбари ҳайати СУТ.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати СУТ аз 1 май инҷониб дар Тоҷикистон қарор дошта, ҳадафи асосии ташрифи онҳо  мусоидат намудан дар арзёбии хатарҳо ва таҳияи механизмҳои вокуниш, аз ҷумла иқтидори таҷрибавӣ ва лабораторӣ мебошад.

Май 15, 2020 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода