ДАР ХОНА, САМИМОНА… Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 24 май таҷлил карда мешавад

Май 20, 2020 18:00

ДУШАНБЕ, 20.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо содир намудани як қарор санаи иди саиди  Фитрро муайян намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар қарори Шӯрои уламо омадааст, мувофиқи ҳисоби илмӣ иди саиди  моҳи шарифи Рамазон дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи якшанбе, 24-уми май таҷлил карда шавад.

Инчунин, дар ин қарор гуфта мешавад, вобаста ба шароити пешомада, ки аз ихтиёри мо берун аст, ҳар як намозгузор дар вақти намози ид дар манзили худ самимона ба зикру ниёиш ва дуруду дуо машғул шавад.

Тибқи ин қарор бо дарназардошти вазъи кунунӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ садақаи фитр ба ниёзмандону бенавоён ва закот дар баробари ба ниёзмандону маъюбон, ятимон, инчунин ба суратҳисоби махсуси ёрӣ ба беморони COVID-19 супорида  шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон таъкид намуданд, ки дар ин моҳи муборак баробари ба ҷо овардани тоату ибодат ва зоҳир намудани меҳрубониву самимият иҷрои амалҳои солеҳ, аз қабили хайру эҳсон ва парҳезгорӣ аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои инсониву имонӣ дониста шудааст.

«Шахсони парҳезгору хайрхоҳ дар моҳи шарифи Рамазон корҳои савобро бештар анҷом медиҳанд, ба ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон ва муҳтоҷону мусофирон дасти кумаку ёрмандӣ дароз мекунанд. Омезиш ва пайванди устувори арзишҳои миллӣ ва диниву фарҳангӣ моро ба амалҳои хайру савоб, сарфаю сариштакорӣ, тарбияи дурусти насли наврас ва тарғиби илму маърифат ҳидоят мекунад», — тазаккур доданд Пешвои миллат.

Дар зимни эълони санаи баргузории иди саиди Рамазон дар кишвар Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт: «Аслан, аз дидгоҳи дин маросими идгардак як амри мубоҳ буда, ҳатто дар замони осоиштагию офият анҷом додани он барои шахси мусулмон амри ҳатмӣ нест. Чӣ расад ба оне ки имрӯз мо дар як марҳилаи ҳассос қарор дорем ва дар як ҷо ҷамъ омадани одамон поёмадҳои ногуворе дошта метавонад».

Ба андешаи Сулаймон Давлатзода, агар ҳадаф аз анҷом додани «идгардак» таҳният гуфтани ҳамдигар аст, пас ҳамвататанони мо метавонанд аз тариқи телефон ва паёмрасонҳои дигар ҳамдигарро табрик намоянд.

Дар идомаи суҳбат Раиси Кумита аз таъкиди саривақтии Пешвои миллат, ки гуфта буданд: «Мову шумо набояд ба умеди дигарон шавем. Чунки имрӯзҳо ҳамаи кишварҳои олам дар фикри ҳалли мушкилоти худашон ҳастанд ва касе намедонад, ки ин ҳолат чӣ қадар идома меёбад ва дар пеш моро боз чӣ мушкилоти дигар интизоранд» ёдовар шуда, иброз дошт, ки имрӯзҳо ҳамватанони азизи мо бояд бар ҳар гуна таҳлука дода нашуда, беш аз ҳар рӯзи дигар бо хушбинӣ нисбат ба фардои нек ба хотири беҳбуди вазъи зиндагонии худ талош варзанд.

Май 20, 2020 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст