Изҳороти Маркази матбуоти Қушӯнҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 24.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Қушӯнҳои Сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бар хилофи созишномаҳои қаблан баимзорасида чӯпонҳои қирғиз соати 10:30-и 24 майи соли 2020 дар ҳудуди деҳаи Пули Офтобрӯяи ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, ки бо деҳаи қирғизнишини Чичилик ҳамсарҳад мебошад, вориди қаламрави Тоҷикистон гардида, ба муноқишаи навбатӣ бо сокинони наздимарзии ҶТ даст заданд. Сокинони деҳаи Пули Офтобрӯя ба ин амали ғайриқонунии шаҳрвандони ҶҚ вокуниш нишон дода, аз онҳо даъват карданд, ки қаламрави деҳаро тарк кунанд.
Ҷониби қирғиз ба ҷойи риояи иҷрои созишномаҳои дуҷониба, ки аломатгузориро дар минтақаҳои баҳснок мушаххас мекунад, ба маҳали ҳодиса қувваҳои иловагии сарҳадбононро сафарбар карда, ба сӯи сокинони бесилоҳи деҳаи Пули Офтобрӯя аз яроқи оташфишон тирпаронӣ намуд. Дар натиҷаи тирпаронии сарҳадбонони қирғиз, сарбози қаторӣ Зоиров Давлатёр Миронбекович, соли таваллудаш 2001 аз пояш захм бардоштааст.
Ин амали иғвоангезонаи сарҳадбонони ҶҚ ҳамчун нишонаи кӯшишҳои ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хати сарҳади давлатӣ арзёбӣ мегардад ва метавонад вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадии ҶТ дар ин минтақаи ҳассос барангезад.
Айни замон, намояндагони мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои муътадил сохтани вазъият дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадеҳӣ бурда истодаанд.
Маркази матбуоти Қушӯнҳои Сарҳадии
КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соли 2025 беш аз 200 ҳодисаи табиӣ ба амал омадааст
ТАРБИЯ ПЕШ АЗ ТАЪЛИМ АСТ. Чаро ҷинояткории наврасону ҷавонон коҳиш намеёбад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 вобаста ба маводи нашъаовар чӣ миқдор ҷиноят ошкор гардид?
Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон зиёда аз 26 тонна маҳсулоти гӯштии бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ вохӯриҳо доир гардиданд
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии омилҳои хурофотӣ ва тафаккури ифротӣ вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи 10-уми вазирони давлатҳои аъзои СҲИ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ доир шуд
Агар бо ҳолати фавқулода рӯ ба рӯ гардем, бояд ба куҷо муроҷиат намоем?
«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА». Дар Душанбе ҳамоиши кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ доир шуд
Дар ноҳияи Шаҳритус ба ҷойи дарсхонӣ ба бозиҳои компютерӣ машғул шудани хонандагон ошкор карда шуд






