Мунира Каримова, сардухтури Беморхонаи касалиҳои сирояти кӯдаконаи шаҳри Душанбе: «Шарт нест, ки тамоми доруҳои зиддивирусӣ ва антибиотикҳоро захира кунед»
ДУШАНБЕ, 04.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳеҷ гуна зарурат вуҷуд надорад, ки мо пешакӣ доруҳои зиддивирусӣ ва антибиотикҳоро харида, захира намоем. Ин кори нодуруст аст. Дар ҳар як хона бояд маҷмӯи доруҳои кумаки аввал нигоҳ дошта шавад»,-гуфт сардухтури муассисаи давлатии «Беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи шаҳрии кӯдакон» Мунира Каримова.
Бояд зикр кард, ки бо пайдо шудани бемории коронавирус дар Тоҷикистон, шаҳрвандони зиёд на танҳо антисептикҳо ва ниқобҳо, балки доруҳои зиддивирусӣ ва антибиотикҳои пуртаъсирро низ аз дорухонаҳо мехаранд. Баъзе кормандони бевиҷдони дорухонаҳо аз ин ҳолат истифода бурда, нархи чунин доруҳоро бамаротиб баланд бардоштаанд. Илова бар ин, одамон бо чунин амали хеш ба шахсони воқеан ниёзманд норасоии доруҳои номбурдаро эҷод мекунанд.
«Гузашта аз ин, ба ҳеҷ ваҷҳ бе ташхиси табиб ва дорухати ӯ аз чунин давоҳо набояд истифода намуд. Ин на танҳо фоида намерасонад, балки ба ҷисми солим зиён низ меоварад»,- афзуд мутахассис
Табиб тавсия дод, ки имрӯз одамон дар мадди аввал бояд бо роҳи табиӣ масунияти худро сироятнопазир намоянд. Яъне, ҳамарӯза истеъмоли ғизои солим, инчунин меваҷот ва сабзавот муҳим аст. Ҳамзамон меъёри ҳаррӯза нӯшидани оби соф низ набояд фаромӯш гардад.
Коронавирус бемории хосе ҳаст, ки онро бояд табибони соҳибтаҷриба табобат кунанд.
Мунира Каримова инчунин зикр намуд, ки айни замон риоя кардани қоидаҳои оддӣ- нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ, гигиенаи шахсӣ ва мувофиқи имкон нарафтан ба ҷойҳои ҷамъиятӣ хеле муҳим аст.
«Дар сурати пайдо шудани аломатҳои беморӣ, аз ҷумла, вараҷа, сулфа фавран ба табибони марказҳои саломатии ҷойи зист бояд муроҷиат намуд»,- гуфт табиб.








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






