ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ БАШАРДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Кумаки моддии Раҳмон Озода Эмомалӣ ба Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара

Май 15, 2020 08:27

ДУШАНБЕ, 14.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 13 май дар доираи татбиқи ташаббусу иқдомҳои иҷтимоӣ ва бо пайравӣ аз хислатҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии паҳншавӣ ва табобати мубталоёни бемории нави короновирус — COVID-19 аз тарафи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ ба Беморхонаи марказии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон кумаки моддӣ расонида шуд. Кумак асосан аз маҷмуи рахти хоб иборат буд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

13 май ба Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара 100 кати тиббии хоб, 100 курпача бо 100 болишти пахтагӣ, дар маҷмуъ 100 рахти хоб, супорида шуд.

Кормандони беморхона барои ин таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипоси беандоза карда, иброз намуданд, ки бо тамоми масъулият хизмати мардумро ба ҷо меоранд. Баҳри таъмини солимии ҷомеа аз тамоми имкониятҳои корӣ ва кумаки моддии Ҳукумати мамлакат самаранок истифода мебаранд.

Ҳамчунин Раҳмон Озода Эмомалӣ ба нақша гирифтаанд, ки  ҳафтаи оянда  беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои мамлакатро, ки ба доруворӣ ниёз доранд, ба маблағи умумии 115 ҳазор сомонӣ бо маводи зарурии доруворӣ таъмин намоянд.

 

Май 15, 2020 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон