ПАЙРАВӢ БА ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Вакили Маҷлиси намояндагон ба беморхонаи сироятии шаҳри Ҳисор кӯмак намуд
ДУШАНБЕ, 12.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Иқдоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди расонидани кумаки пулию молиявӣ ҷиҳати пешгирии бемории каронавирус ва табобати мубталоёни ин беморӣ дар шаҳри Ҳисор низ ҷонибдории ҳаматараа ёфта, кумаку хайрҳои шахсони саховатпеша пайваста ба назар мерасанд, менависад хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураё Уроқова ба табибону кормандони Беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Ҳисор маводи хӯрокӣ- орд, равған, биринҷ, макарон кумак намуд. Вакили палатаи поёнии Парлумони мамлакат ҳамзамон бо табибон, хешону пайвандони беморон суҳбат намуда, ба онҳо риоя кардани талаботи тарзи ҳаёти солимро фаҳмонид. Ҳамзамон аз дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат ёдовар шуда, ҳамагонро ба сабру таҳаммул ва сарҷамъию мубориза бо ин беморӣ даъват намуд.
Инчунин корҳои хайру савоби анҷомдодаи инсонҳои хайрхоҳ дар шаҳри Ҳисор Нурмуҳаммад Аҳмадзода, директори ҶДММ «Қоғази Шарора» Фарҳодҷон Шаробов, директори бозори «Самоҳ» Мақсуд Солиев, Фотеҳҷон Ашӯров — соҳибкоре, ки ба Беморхонаи марказии шаҳр як дастгоҳи таъминкунандаи нафаси сунъӣ дастрас намудааст ва даҳҳо нафарони дигаре, ки дар роҳи наҷоти миллат аз ин бемории сироятӣ корҳои хайру савоб анҷом дода, зикри номашонро ҷоиз намедонанд, шоистаи таҳсин мебошанд.
Дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону мардуми камбизоат дар ин рӯзҳои душвор, табобати беморони сироятёфта ба як самти муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст ва дар партави ин сиёсат дар шаҳри Ҳисор низ пайваста амалҳои нек анҷом меёбанд.Сокинони шаҳр минбаъд низ азми онро доранд, ки бо анҷом додани корҳои хайру савоб дар рафъи ин бемории сирояткунанда саҳм гузоранд.









Файзалӣ Идизода бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Парламенти Туркманистон Дунягозел Гулманова вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода дар шаҳри Санкт-Петербург бо намояндагони ҷамъияти тоҷикон ва донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуд
КОНФРОНСИ ЧОРУМИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе семинари минтақавӣ барои парлумонҳои давлатҳои Авруосиё баргузор гардид
Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА АДОИ ЭҲТИРОМ БА ҚАҲРАМОНОН. Дар робита ба овардани хоки оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистон ба Ватан
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербург сафар намуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Озарбойҷон тақвият меёбад
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Форуми 5-уми намояндагони парламентҳои давлатҳои аъзои гурӯҳи Авруосиё баргузор гардид
Маросими дар оромгоҳи Лучоб гузоштани қисмате аз хоки гӯристони Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад доир гардид






