Вобаста ба ҷалби занону духтарон ба хизмати давлатӣ дар баъзе вазорату идораҳо тадбирҳои дахлдор андешида намешаванд

Июль 31, 2021 09:57

ДУШАНБЕ, 31.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 30 июл зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов иброз дошт, ки дар баъзе вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вобаста ба ҷалби занону духтарон ба хизмати давлатӣ тадбирҳои дахлдор андешида намешаванд.

Ба гуфтаи мавсуф, Агентии хизмати давлатӣ оид ба масъалаҳои вазъи ҷалби занон ба хизмати давлатӣ, мусоидат ба фарогирии бештари бонувон ба хизмати давлатӣ ва мансабҳои роҳбарикунандаи он мунтазам тадбирҳои мушаххас меандешад.

Дар шашмоҳаи соли 2021 кормандони Агентии хизмати давлатӣ дар 230 ҷаласаи комиссияҳои озмуни мақомоти давлатӣ иштирок намуданд. То 1 июли соли равон шумораи хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ 19176 нафар, теъдоди занҳо 4486 нафар ё 23,4 фоиз, теъдоди ҷавонони то 35-сола 9199 нафар ё 48,0 фоиз, синни миёнаи хизматчии давлатӣ 37,3 солро ташкил медиҳад.

Занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмўъ 4486 нафар ё 23,4 фоизро ташкил дода, аз 5910 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1148 нафар ё 19,4 фоиз занони роҳбар мебошанд. Теъдоди умумии занон нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 131 нафар ва теъдоди занони роҳбар 82 нафар афзоиш дода шудааст.

Теъдоди ҷавонони то 35–сола 9199 нафар (48,0 фоиз)-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 948 нафар ё 3,6 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар мансабҳои роҳбарикунанда  теъдоди  ҷавонони то 35–сола  1582 нафар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 274 нафар зиёд карда шудааст.

 

АКС аз АМИТ «Ховар»

Июль 31, 2021 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон борон меборад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 апрел, шанбе, 109-умин рӯзи соли 2025 аст
Дар ноҳияи Лахш вобаста ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бо ҷавонони фаъол вохӯрӣ баргузор гардид
Раиси Маҷлиси намояндагон бо оилаҳои аз заминларза зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод мулоқот намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар шаҳри Бохтар доир ба натиҷаи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар қисмҳои ҳарбии ноҳияи Лахш бо афсарону сарбозон вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон то 10 дараҷа паст шудани ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
Смартфонҳо VS телефонҳои тугмачадор: «Имконоти рақамӣ» ғолиб меоянд!
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Деворҳои ҳимоявӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок ҳалокати нафарони зиёдро пешгирӣ намудаанд
Дар доираи «Моҳи саводнокии молиявӣ» дар ноҳияи Лахш ҳамоиши омӯзишӣ баргузор гардид