«TEENEAGLE». Хонандагони тоҷик дар ин олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби 41 ҷойи ифтихорӣ гардиданд

Июль 1, 2024 15:19

ДУШАНБЕ, 01.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 30 июни соли равон дар шаҳри Лондони Шоҳигарии Британияи Кабир Олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle» аз фанни забони англисӣ аз рӯйи се категорияи синнусолӣ баргузор гардид, ки дар он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 хонанда  соҳиби ҷойи ифтихорӣ  гардид.

Тавре дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, олимпиада аз рӯйи се категорияи синнусолӣ ва ду номинатсия байни хонандагони синфҳои 3-11 баргузор гардид.

Дар олимпиадаи мазкур  Тоҷикистонро 46  хонанда аз муассисаҳои гуногуни таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ муаррифӣ намуд.

Аз рӯйи номинатсияи «Малакаҳои қабулкунӣ» (шунавоӣ ва хониш) ҷойи якум- 1 нафар, ҷойи дуюм -12 нафар ва ҷойи сеюм- 12 нафар, дар номинатсияи «Малакаҳои истеҳсолӣ» (гуфтугӯӣ ва маҳорати навиштан) бошад, ба гирифтани ҷойи якум -2 нафар, ҷойи дуюм- 5 нафар ва ҷойи сеюм- 9 нафар сазовор гаштанд.

Олимпиадаи мазкур ҳамасола дар давлатҳои гуногун, аз ҷумла, Шоҳигарии Британияи Кабир, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Малайзия барои дӯстдорони фанни забони англисӣ баргузор мегардад. Имсол дар ин олимпиада зиёда аз 2140 нафар хонанда аз 846 муассисаи таълимии дунё ва 66 давлати олам иштирок намуд.

 АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 1, 2024 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷамъбаст шуд
Маротибаи аввал байни хонандагони Тоҷикистон озмоиши маҳаллии Таҳқиқоти байналмилалии пешрафти саводи хондан – PIRLS 2026 гузаронида мешавад
Фаронса шумораи квотаҳоро барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд менамояд
Оид ба баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Данғара даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ доир мешавад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
Дар Душанбе таҳти унвони «Саҳми Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва дипломатияи «сабз»» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар самти рақамикунонӣ бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд
Омӯзгорони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар Чин табодули таҷриба менамоянд
Масъалаи омодагӣ ба Форуми навбатии ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд