Барои таҳкими субот дар минтақаҳои аз офатҳои табиӣ осебпазир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Март 11, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 11.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 10 март байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва Агентии Оғохон оид ба макони зист дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар доираи ин санад лоиҳаи «Ташаббус барои таҳкими субот дар минтақаҳои наздимарзӣ» амалӣ гардида, сохтмони 1 паноҳгоҳ ва 2 майдончаи варзишӣ ба маблағи 3 миллион евро ба нақша гирифта шудааст. Маблағгузори асосии лоиҳа Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Ҳадаф аз бунёди чунин инфрасохтор дар ноҳияҳои наздимарзӣ- ин истифодаи самараноки онҳо ҳангоми ба вуқуъ омадани офатҳои табиӣ мебошад.

Инчунин он имкон медиҳад, ки ҳангоми зарурат барои сари вақт ва ба таври фаврӣ анҷом додани корҳои бартарафсозӣ ва расонидани кумакҳои мавриди ниёзи аввал ба аҳолии зарардида ва ҳатто ба гурезагони эҳтимолӣ мусоидат намояд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 11, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имкониятҳои сайёҳии табобатии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе даври ниҳоии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор мегардад
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласа оид ба таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба саломатии аҳолӣ иштирок намуд
ОГОҲӢ. Хатари лағжиши тарма ва омадани сел дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон то 10 апрел боқӣ мемонад
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор мегардад
Доир ба баланд бардоштани сифати таълим дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Мудирони бахши таблиғотии кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ ба даври бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд
Дар натиҷаи сангрезӣ дар ноҳияи Рӯшон як манзили истиқоматӣ хароб гардидааст
САЛОМАТӢ — НЕЪМАТИ БЕБАҲО! Шумо кай охирон маротиба аз муоинаи тиббӣ гузаштаед?
Имрӯз аз таъсиси Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 сол сипарӣ мешавад
Пагоҳ дар тамоми муассисаҳои тиббии Тоҷикистон ташхиси ройгон гузаронида мешавад
Дар Филиппин Саммити 7-уми глобалии вазирон оид ба бехатарии беморон баргузор гардид