Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҳафтаи дарҳои кушод ҷамъбаст гардид

Март 5, 2025 10:16

ДУШАНБЕ, 05.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 1 март дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҳафтаи дарҳои кушод ҷамъбаст шуда, ғолибони олимпиада байни хатмкунандагон дар вазъияти тантанавӣ қадршиносӣ гардиданд. Дар рӯзи охирини Ҳафтаи дарҳои кушод хатмкунандагони шаҳру ноҳияҳои вилоят ба донишгоҳ омада, бо шароиту имконоти он аз наздик шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ иттилоъ доданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шуруъ аз 1 феврал то 1 марти соли равон интернет-олимпиадаи хатмкунандагон баргузор гардид. Хоҳишмандон тавассути воридшавӣ ба сомонаи донишгоҳ дар он иштирок намуда, донишашонро аз рӯи намунаҳои саволномаҳои Маркази миллии тестӣ барои дохил шудан ба донишгоҳ санҷиданд.

Ғолибони олимпиада дар вазъияти тантанавӣ бо туҳфаҳои арзишманд, аз қабили дучархаи барқӣ, ноутбук, телевизор, планшет, телефон ва дигар туҳфаҳо қадршиносӣ шуданд.

Дар маросими қадршиносии ғолибони олимпиада байни хатмкунандагон ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода иброз дошт, ки «мақсад аз гузаронидани Ҳафтаи дарҳои кушод ва олимпиада байни хатмкунандагон дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҷалби хатмкунандагон ба илму дониш ва ба касбомӯзӣ фаро гирифтани онҳо мебошад».

Дар доираи Ҳафтаи дарҳои кушод хатмкунандагон ҳамчунин бо дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ, дарсҳои намунавии устодон ва шароиту имконияти Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ шинос шуданд.

Дар Ҳафтаи дарҳои кушод беш аз 14 000 хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омӯзгоронашон иштирок намуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Март 5, 2025 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ғолиби даҳгонаи беҳтарин дастаҳои ҳаракати олимпӣ гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мутахассисони рақобатпазир омода менамояд
Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон василаи таҳкими давлатдории миллӣ ва пешгирӣ аз экстремизму терроризм аст
Байни коллеҷҳои Душанбе ва Алмато шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Душанбе мизбони конфронси III минтақавӣ оид ба ҷанбаҳои рушди устувори таҳсилоти касбӣ мегардад
Дар доираи Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонон озмуни «Илм ва амал» доир шуд
Дар ноҳияи Ванҷ сохтмони чор муассисаи таҳсилоти томактабӣ идома дорад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Маркази таълимӣ-истеҳсолии электромобилҳо таъсис дода мешавад
Дар Боғи «Агробиолабораторӣ»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ корхонаи истеҳсоли моеъҳои шӯянда ва косметологӣ сохта мешавад
Соҳаи маориф ва таҳсилоти касбӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон мебошад
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба Эъломияи Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Таътили тобистонаи хонандагон кай оғоз меёбад?