Русия имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро оид ба сарҳади давлатӣ истиқбол менамояд

Март 14, 2025 14:18

ДУШАНБЕ, 14.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Русия Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро  дар бораи сарҳади давлатӣ, ки 13 март ба имзо расид, истиқбол менамояд. Дар ин хусус аз Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия хабар доданд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Русия, баимзорасии ин санади муҳим бо шарофати иродаи сиёсии роҳбарони ҳарду давлат ва заҳмати тӯлонии ҳайатҳои ҳукуматӣ дар масъалаи таъйин ва аломатгузории марз имконпазир гардид.

Дар изҳорот гуфта шудааст, ки ҷониби Русия дар руҳияи иттифоқӣ ҳамеша ба шарикон дар Бишкек ва Душанбе ба хотири ҳалли ниҳоии масъалаҳои марзӣ кумаки сиёсию дипломатӣ мерасонид.

«Шубҳае нест, ки татбиқи Шартнома ба таҳкими суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат намуда, муносибатҳо байни иттифоқчиён ва шарикони стратегии Русия – Тоҷикистон ва Қирғизистон ба сатҳи сифатан нав мебароянд», — омадааст дар изҳорот.

Ёдовар мешавем, ки 13 март аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳо сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Март 14, 2025 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Корея мулоқот намуд
Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Наҷафии Хушрудӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Душанбе дурнамои рушди муносиботи судманди Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Намоишгоҳи байналмилалии EXPO-2025 гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо ёвари Дабири кулли СММ оид ба корҳои ҷавонон мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 71-уми Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Дар Москва фестивали дӯстии халқҳо «Кишвари ман» баргузор гардид
Дар шаҳри Алмато вохӯрии ҳаштуми вазирони корҳои хориҷии «Осиёи Марказӣ – Русия» баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон бо ректори Донишгоҳи шоҳзода Султон Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Чин» мавриди баррасӣ қарор гирифт
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кумитаи олимпии Кувайт мулоқот намуд