Рустами Эмомалӣ бинои нави маъмурии Нозироти андоз дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд

Апрель 10, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 10.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави маъмурии Нозироти андоз дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Иншооти навбунёд аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум толори хизматрасонӣ ба шаҳрвандон, андозсупорандагон ва маҷлисгоҳ бо 120 ҷойи нишаст ҷойгир мебошад.

Бинои Нозироти андоз дар ноҳияи Шоҳмансур дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар он барои 110 нафар корманди соҳа, шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва андозсупорандагон шароити хуби кору хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст.

Масоҳати умумии иншоот 2500 метри мураббаъро ташкил дода,  сохтмони он соли 2023 оғоз гардида буд.

Фармоишгари иншоот Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мега Техника Иншоот» маҳсуб мешаванд.


Дар бинои тозабунёд 33 ҳуҷраи корӣ мавҷуд мебошад, ки ҳар яки он бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Насби дастгоҳу таҷҳизот ва барномаҳои муосири соҳавӣ имкон медиҳад, ки шаффофияти фаъолияти нозироти андоз дар муносибат бо андозсупорандагон таъмин карда шуда, бе омили инсонӣ ва бо сарфаи вақт пешниҳоду гирифтани маълумот оид ба фаъолияти молиявию уҳдадориҳои андозсупорӣ анҷом дода шавад.

Ҳамзамон соҳибкорон имкон пайдо намуданд, ки бо истифода аз шабакаи интернет эъломияҳои худро ба тариқи электронӣ пешниҳод намоянд, санадҳои муқоисавӣ тартиб диҳанд, ҳисобварақаи худро аз назар гузаронанд, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии қонунгузории андоз, ки дар сомонаи Кумитаи андоз ҷойгир карда шудаанд, шинос шаванд.


Бинои нави маъмурии Нозироти андоз дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо тарҳу услуби хоси меъморӣ бунёд карда шуда, ҳамзамон саҳни он бо гулу бутта ва ниҳолҳои ороишию сояафкан ободу зебо гардонида шудааст.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар ин бино ба роҳбарият ва кормандон барои боз ҳам беҳтар хизмат расонидан ба андозсупорандагон дастуру маслиҳатҳои муфид  доданд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Апрель 10, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент коргоҳи дӯзандагии «Маҳсул» ба фаъолият оғоз намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ашт сохтмони муассисаҳои таълимӣ идома дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода панҷ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 2 километр роҳи деҳаи Ҳақиқати шаҳри Турсунзода бетонпӯш мегардад
Дар Душанбе барои занону духтарон аз оилаҳои ниёзманд даври омӯзишии «Бонуи ҳунар» оғоз ёфт
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд мегарданд
Барои ташкили ғайриқонунии нуқтаи савдо нисбат ба 13 шаҳрванд санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Дар Бохтар филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ сохта мешавад
Боғи фарҳангию фароғатии «Аҳмади Дониш»-и шаҳри Душанбе беҳтарин боғ дар соли 2025 дониста шуд
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони корхонаи истеҳсоли оҳак идома дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд Маҷмааи муосири варзишии «Суғд Арена» сохта мешавад
Дар шаҳри Панҷакент Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бунёд карда мешавад