Дар шаҳри Хоруғ Лигаи волейболи вилоят байни мардон то охири сол баргузор мегардад

Апрель 6, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 06.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ Лигаи волейболи вилоят байни мардон оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Хоруғ» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ иттилоъ доданд.

Мусобиқа бо ташаббуси Федератсияи волейболи вилоят оғоз гардид. Дар он 11 даста аз шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Роштқалъа, Ишкошим, Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Литсей барои хонандагон болаёқат дар шаҳри Хоруғ ва раёсати тандурустӣ иштирок намуданд.

Раиси Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иброз намуд, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бори нахуст дар вилоят Лигаи волейбол таъсис дода шуд. Мусобиқаҳо аз моҳи апрел оғоз гардида, охири соли равон ҷамъбаст мешаванд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Апрель 6, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

То 2 май дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони шаҳри Бохтар дар замини наздиҳавлигияшон гармхона ташкил намуданд
«IRS» бо мақсади пешгирии қонунвайронкунӣ дар масири Душанбе – Чанок гузаргоҳи назоратӣ таъсис дод
Ба соҳибкори муваффақи тоҷик аз ҷониби Президенти Қазоқистон Медали ҷашнӣ ва Ифтихорномаи фахрӣ супорида шуд
Дар Хатлон нахустин бозиҳои мусобиқаи кӯдаконаи футбол баргузор шуданд
НАҚЛИЁТИ «САБЗ». Ба Тоҷикистон 6047 мошини барқӣ ворид карда шудааст
Кӯчати мағзи устухон дар ҳолати саратони хун ва бемориҳои гематологӣ дар шабакаи клиникаҳои «Acıbadem»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Барои барқарор намудани чарогоҳҳои водии Рашт 20 намуди тухмиҳои бутта ва дарахтон парвариш карда мешаванд
Дар Ҳисор маҳфил – озмуни «Тоҷикистони ман!» оғоз гардид
Имсол дар Хатлон қариб 500 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ карда мешавад