Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 29.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 11+16 дараҷа гарм ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 16+18 дараҷа гарм ва рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.








Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт






