Лоиҳаи «Стратегияи нави шарикии Бонки Осиёии рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» баррасӣ гардид

Апрель 16, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 16.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаҳои омӯзиши таҳлилии Тоҷикистон (Country Diagnostic Studies) ва лоиҳаи «Стратегияи нави шарикии Бонки Осиёии рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон (Country Partnership Strategy) барои солҳои 2026–2030» дар вохӯрии  муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ашӯрбой Солеҳзода  бо роҳбари намояндагии Бонки Осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ко Сакамото дар Душанбе баррасӣ шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Мусоҳибон ҳамзамон ба таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла тиҷорат, иқтисод, саноати сармоягузорӣ, тандурустӣ, маориф, энергетика, рушди деҳот, дастгирии буҷет, амнияти сарҳадӣ, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ, таъсиси технопаркҳо ва технологияҳои рақамӣ, иштирок дар маблағгузории сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои минтақавӣ, ҳамчунин мусоидат ба тиҷорат ва татбиқи системаҳои тиҷорати электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд.

Ашӯрбой Солеҳзода оид ба дастовардҳои  Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодӣ маълумот дода, аз Бонки Осиёии рушд дархост ба амал овард, ки ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла энергетикаи «сабз», бахусус сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва логистика, рақамикунонӣ ва таҳкими сарҳадот маблағгузориро зиёд намояд.

Дар доираи мулоқот Ко Сакамото изҳор дошт, ки омӯзиши таҳлилии мамлакат вазъияти кунунии иқтисодӣ ва имконоти рушди минбаъдаро ҳамаҷониба дар бар гирифта, барои таҳияи «Стратегияи шарикӣ барои солҳои 2026–2030» ҳамчун замина хизмат хоҳад кард.

Ҷонибҳо барои густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобили судманд, бахусус дар татбиқи барномаи муштарак оид ба рушди устувори иқтисодӣ, тақвияти иқтидори институтсионалӣ ва дастгирии бахши хусусӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Апрель 16, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оё кишоварзони Тоҷикистон аҳолиро бо картошкаи ватанӣ пурра таъмин карда метавонанд?
Дар Шероз Протоколи ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Эрон ба имзо расид
Масъалаҳои ҷалби сармояи Британияи Кабир ба Тоҷикистон баррасӣ шуданд
Ҳамкорӣ дар самти рушди технологияҳои инноватсионӣ бо Дафтари Швейтсария оид ба рушд дар Тоҷикистон тақвият меёбад
Бо иштироки ҷавонони волонтёри гуногунихтисос ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид
Ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар Шероз баррасӣ шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Себзор» 80 фоизи сохтмон ба анҷом расидааст
«Сомон Эйр» дар ҳамкорӣ бо «АНТАРЕС» ба Шармушайхи Миср парвозҳои мустақимро оғоз менамояд
Бо ҷалби коршиносони ECAC барои кормандони мақомоти авиатсионии Тоҷикистон даври омӯзишӣ гузаронида шуд
Форуми сармоягузорию соҳибкории Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид
Соли 2025 барои соҳибкорзанони вилояти Хатлон 30 грант ҷудо карда шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии рушд иштирок дорад