ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷидда тамринҳои навбатӣ баргузор намуд

Апрель 4, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 04.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол омодагиро ба бозии аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2025 ба муқобили тими Уммон идома медиҳад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дастаи Тоҷикистон бо роҳбарии Марко Раҷини 3 апрел дар Ҷидда якуним соат тамрин намуд. Ҳамаи 23 бозигаре, ки барои иштирок дар мусобиқа даъват шуда буданд, ба вохӯрии дар пешистода тайёрӣ мебинанд.

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон нахустин бозиашро дар Ҷоми Осиё-2025  5 апрел ба муқобили тими наврасони Уммон анҷом медиҳад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи Шоҳ Абдулло дар Ҷидда баргузор шуда, соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 20:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Апрель 4, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи май дар Бадахшон мусобиқаи вилоятии футбол доир карда мешавад
DUSHANBE GRAND SLAM 2025. Имрӯз дар рӯзи охири мусобиқа ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2025. Дар рӯзи дуюми мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон 3 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2025. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2025. Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон 5 медал ба даст оварданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон моҳвораи футбол оғоз гардид
DUSHANBE GRAND SLAM 2025. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд
Тоҷикистон ҳамчун мизбони марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 барои тимҳои олимпӣ (U-23) тасдиқ гардид
Дастаи ҷудои Тоҷикистон аз Чемпионати ҷудои Осиё бо 7 медал баргашт
DUSHANBE GRAND SLAM 2025. 238 варзишгар аз 28 давлати ҷаҳон ва 4 қитъаи олам барои иштирок номнавис шудаанд
ФУТБОЛ. Рақибони дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 муайян шуданд
Паҳлавонони тоҷик шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ дар ноҳияи Ёвонро соҳиб шуданд