ФАЪОЛИЯТИ ШИРКАТҲОИ АЛОҚАИ ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ МУВАҚҚАТАН БОЗДОШТА ШУД
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти мазкур иброз доштанд, дар асоси қарори комиссияи иҷозатномадиҳӣ аз таърихи 4, 5 ва 6 августи соли ҷорӣ фаъолияти ширкатҳои «ТТ-Mobile» дар бахши «Хизматҳои алоқаи телефонии маҳаллӣ» ба мӯҳлати ду моҳ, ҶСП «М-Теко» дар бахши «Ба нақшагирӣ, сохтмон, истифодабарии шабакаҳову воситаҳои алоқа (аз ҷумла ба истифода додани каналҳо ва воситаҳои алоқа)» ба мӯҳлати як моҳ, ҶДММ «Техносат» дар бахши «Ба нақшагирӣ, сохтмон, истифодабарии шабакаҳову воситаҳои алоқа (аз ҷумла ба истифода додани каналҳо ва воситаҳои алоқа)» ба мӯҳлати як моҳ, ҶДММ «Saadet» дар бахши «Хизматҳо ҷиҳати истеҳсол, сохтмон ва насби шабакаҳо, системаҳо, дастгоҳҳои алоқаи барқӣ, радиоалоқа, радиошунавонӣ ва телевизион» ба мӯҳлати як моҳ, Агентии рушди Осиёи Миёна (CADA)» дар бахши «Хизматҳои хадамоти соҳавӣ бо каналҳои ҶСК «Тоҷиктелеком» ба мӯҳлати як моҳ ва ПК «Vanguard Building Technology Corp» дар бахши «Банақшагирӣ, сохтмон, истифодабарии шабакаҳо, воситаҳои алоқа (аз ҷумла ба истифода додани каналҳо ва воситаҳои алоқа)» ба мӯҳлати як моҳ бо сабаби пешниҳод накардани ҳисоботашон боздошта шуд. Ғайр аз ин, бо сабаби ба фаъолият шурӯъ накардани бахшҳои алоҳидаи ҶДММ «Коминтел», ҶДММ «Интел Связь-Т» иҷозатномаҳои онҳо ба муҳлатҳои гуногуг бекор карда шуд. Дар мавриди бартараф накардани камбудиҳо аз тарафи ширкатҳои зикргардида Хадамот ба мақомоти суд барои пурра бекор кардани иҷозатномаҳои онҳо муроҷиат менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






