КӮМАКИ ИМА БА СОХТОРҲОИ ИНТИЗОМИИ ТОҶИКИСТОН

Август 22, 2008 15:51

Имрӯз дар Душанбе бахшида ба ин масъала ду ҳуҷҷат имзо карда шуд. Аз ин маблағ 3 миллион доллар барои беҳтар сохтани фаъолияти хадамоти амният дар ноҳияҳои дурдасти ВМКБ, бештар аз 2 миллион доллар барои дастгирии мақомоти милиса ва хадамоти амният, аз ҷумла тармими биноҳои Академияи ВКД, инчунин беҳтар сохтани фаъолияти озмоишгоҳи криминалистии ВКД сарф карда мешавад. Қариб 3 миллион доллари дигар барои амалӣ сохтани барномаҳои мубориза ба муқобили маводи нашъадор, дастгирии фаъолияти Агентии назорати маводи нашъадори Тоҷикистон, 2,5 миллион доллар барои сохтмону тармими посгоҳҳои сарҳадӣ, тармими бинои Академияи хизмати сарҳадии шаҳри Душанбе ва бунёди маркази таълимии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ пешбинӣ карда мешавад.

Август 22, 2008 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш