КОРПОРАТСИЯИ БАЙНАЛХАЛҚИИ МОЛИЯВӢ ҲАМКОРИРО БО «ТОҶИКСОДИРОТБОНК» ВУСЪАТ МЕД
Л.Тюнелл хабар дод, ки Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ ба «Тоҷиксодиротбонк» барои дастгирии соҳаи кишоварзии мамлакат ва вусъат додани системаи қарзҳои дарозмуддат 10 миллион доллар қарз медиҳад. Инчунин ба «Тоҷиксодиротбонк» барои сармоягузорӣ ба соҳаи тиҷорат 5 миллион доллар қарз дода мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки аз ин маблағ 6 миллион доллар барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти соҳаи кишоварзӣ ва 4 миллион доллар барои додани қарзҳои дарозмуддат (лизинг) истифода бурда мешавад. Хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ ва корхонаҳои соҳаи кишоварзӣ аз бонк қарз гирифта метавонанд. 5 миллион доллар барои вусъат додани тиҷорат бо мамлакатҳои хориҷӣ, ворид сохтани маводи озуқа ва хариди молҳои зурурӣ барои тоҷирону соҳибкорони хурду миёна сарф карда мешавад.