ВКХ ЧИН : «МУЛОҚОТИ СҲШ ДАР ДУШАНБЕ БА ТАЪМИНИ СУЛҲУ СУБОТИ МИНТАҚА МУСОИДАТ
Ин сафарҳо барои равнақу ривоҷи минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба ва мустаҳкам сохтани равобити дӯстона аҳамияти калон доранд. Намояндаи ВКХ Чин зикр кард, ки муносибатҳои ҳар ду мамлакат дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт, алоқа, бунёди соҳаҳои ёрирасон, маориф, фарҳанг ва варзиш дар давоми солҳои охир муттасил густариш меёбанд. Қайд карда шуд, ки мулоқоти имсолаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар заминаи имзои Аҳдномаи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва хамкории мамлакатҳои аъзо даъват карда мешавад. Бо ҳамин мулоқот марҳалаи нави густариши фаъолияти созмон дар асоси боварию эътимод ба ҳамдигар ва афзунтар сохтани нуфузи созмон дар арсаи байналмилалӣ оғоз меёбад. Ин мулоқот тадбири муҳимтарини СҲШ дар соли равон мебошад. Мулоқот барои таъмини амният ва суботи минтақа ва саросари ҷаҳон аҳамияти хеле муҳим дорад. Пешбинӣ карда мешавад, ки сарони давлатҳои аъзо дар бораи мавқеи мамлакатҳояшон дар бораи баъзе проблемаҳои минтақавию байналхалқӣ ҳуҷҷати сиёсӣ имзо хоҳанд кард. Инчунин дар фарҷоми мулоқот Низомномаи созмон дар бораи мушорикат ва муколама имзо хоҳад шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






