ҶАЛАСА ДАР НЮ-ЙОРК ТАҲТИ РАЁСАТИ ЭМОМАЛИ РАҲМОН
Имрўз 24 сентябри соли 2008 дар бинои Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чорабинии сатҳи олии «Об ва санитария барои ҳама» ҷараён мегирад, ки дар ҳошияи Иҷлосияи 63– юми Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.Ин албатта гувоҳӣ аз нақши намоёни Тоҷикистон дар ҳаллу фасли мушкилоти ҷаҳонии обӣ ва қабул гаштану татбиқшавии пешниҳодоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин соҳа аст. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ Даҳсолаи байналмилалии тадбирҳои «Об барои ҳаёт» эълон гаштани солҳои 2005-2015 аз ҷумлаи чунин ташаббусҳои наҷиб аст, ки босамар татбиқ мегардад.Худи ҳамин рўз ҳамчунин мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун, Муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва роҳбарони як зумра давлатҳои ҷаҳон ва дигар ходимони сиёсию ҷамъиятии сатҳи баланди давлатию байналмилалӣ дар назар аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода телефонӣ аз шаҳри Ню-Йорки ИМА иттилоъ дод.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






