ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА АВҶ МЕГИРАД
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Аз Маркази матбуоту иттилооти Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,ки ҷамъоварии пахта дар ҷумҳурӣ рӯз то рӯз авҷ мегирад. Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, то 22 сентябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 176 ҳазору 706 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст. Акнун хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ дар як рӯз на чун рӯзҳои пешин- 7 ҳазор тонна, балки 8 ҳазору 300- 8400 тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд, ки ин баробари 2, 2-5 % нақша мебошад. Кишоварзони вилояти Хатлон аз боду ҳавои мусоид истифода бурда, то имрӯз 138 ҳазору 999 тонна пахта ба хирмани Ватан ворид намуданд, ки баробари 41,9 % -и нақшаи солонаи пахтатайёркунӣ мебошад. Чиниши пахта дар 1 рӯз дар ин вилоят 5488 тоннаро ташкил медиҳад. Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар ин муддат 14 ҳазору 392 тонна, Бохтар ба миқдори 13 ҳазору 645 тонна, Восеъ 12 ҳазору 329 тонна, Қубодиён 11 ҳазору 849 тонна, Шаҳритус ба андозаи 9830 тонна пахтаи навъи маҳиннах ҷамъоварӣ намуда, дар сафи пеши пахтакорони ҷумҳурӣ қарор дорад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






