АҲОЛИИ ВМКБ БО ДОРУ ТАЪМИН КАРДА МЕШАВАД

Сентябрь 29, 2008 16:57

Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Раёсати тандурустии бунёди рушди  Хазинаи оғохон  қарор додааст, ки аҳолии  вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бо доруи хушсифат таъмин намояд. Корманди раёсати мазкур Умед Назриев ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки  тамоми навъҳои дору  ба аҳолии вилоят бо нархи хеле арзон фурӯхта мешавад. Мо, масалан  даҳ дона доруи  парацетамолро  аз давлатҳои хориҷӣ бо нархи 1 сомонӣ харида, ба аҳолии  ВМКБ ба ивази 20 дирам мефурӯшем, гуфт вай. Ҳалли масъалаи хариди дору барои аҳолии ВМКБ  ба зиммаи  корпоратсияи рушд ва  дорушиносии Швейсария гузошта шудааст, ки  бо Хазинаи Оғохон  робитаи деринаи  ҳамкорӣ дорад. Тамоми навъҳои дору  дар  озмоишгоҳи махсуси корпоратсия ҳамаҷониба санҷида мешаванд. Дору ба аҳолии ВМКБ мувофиқи  рӯйхатти тасдиқнамудаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон харида ва фиристода мешаванд.

Сентябрь 29, 2008 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд