БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ БЕҲТАР СОХТАНИ ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ МА&
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Вазорати молияи ҷумҳурӣ, намояндагии Пажӯҳишгоҳи «Ҷомеаи кушод – бунёди мадад» дар Тоҷикистон ва Муассисаи рушди СММ дар доираи барномаи Бонки Рушди Осиё «Афзун гардонидани имкониятҳои таъминоти молиявии мақомоти маҳаллии худидора» конфронс баргузор сохтанд. Дар он масъалаҳои мусоидат ба беҳтар сохтани таъминоти молиявии мақомоти маҳаллии ҳокимият ва иштироки ҷамъиятҳои шаҳрвандон дар ғанӣ гардондани буҷети маҳаллӣ дар мисоли ноҳияҳои озмоишӣ — Файзобод, Рӯдакӣ Турсунзода ва Ваҳдат муҳокима карда шуданд. Иҷрои барнома баъди имзои созишномаи ҳамкории Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё моҳи апрели соли 2007 оғоз ёфта буд. Барномаро Вазорати молияи ҷумҳурӣ амалӣ месозад. Ҳадафи барнома муқаррар намудани роҳу усулҳои самарабахши идора дар сатҳи маҳаллӣ мебошад, ки принсипҳои шаффофияти қарорҳои қабулгардида ва иштироки шаҳрвандонро бо назардошти шароити маҳал дар бар мегирад. Барномаи мазкур ба истифодаи технологияҳои муосири идора дар сатҳи маҳаллӣ нигаронида шудааст. Бо ин мақсад дар ҳар ноҳия аз ҷумлаи намояндагони мақомоти маҳаллӣ, шӯъбаҳои молия, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, корхонаҳои хусусӣ ва ғайра гурӯҳҳои ташаббускор ташкил карда шуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ин ноҳияҳо зимни иҷрои барнома мунтазам семинарҳо, машғулиятҳо ва машваратҳо гузаронида шуданд. Иштирокчиёни онҳо низоми ташкили буҷети Ҷумҳурии Қирғизистонро омӯхта, нуктаҳои қобили қабули онро мавриди истифода қарор доданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






