ФАЛОКАТ ДАР РӮЗИ ИД

Сентябрь 10, 2008 15:58

Душанбе, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки 9 сентябр ронандаи мошини тамғаи Киа-Карнавал (рақами давлатиаш ЕН 1709 РТ 02) Тоҷиддин Носирови 39-сола, истиқоматкунандаи ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон велосипедрон ва ҳамроҳи ӯро пахш кард. Ронандаи номбура ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Кайҳоннавардон ба тарафи чорроҳаи беморхонаи вилоятии шаҳри Қӯрғонтеппа, дар рӯ ба рӯи мағозаи «Сафина»-и шаҳр мошинро идора карда натавонист ва велосипедрони ноболиғ Фарҳодҷон Тешаев ва ҳамроҳи ӯ Аъзамҷон Абдуллоеви 13-соларо пахш намуд. Дар натиҷаи фалокат велосипедрон Фарҳодҷон Тешаев дар роҳи беморхона вафот кард ва ҳамроҳи ӯ Аъзамҷон Абдуллоев сахт маҷрӯҳ шуда, ба беморхона фиристода шуд.

Сентябрь 10, 2008 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд