МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ МИНБАЪДАИ ФАЗОИ УМУМИИ МАЪРИФАТӢ
Душанбе, 10 сентябр.(АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Гурӯҳи коршиносони мамлакатҳои ИДМ дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар шаҳри Минск рӯзҳои 10 ва 12 сентябр нақшаи тадбирҳои рушди минбаъдаи фазои умумии маърифатӣ ва ҳамкории давлатҳои Иттиҳодро дар соҳаи маориф барои солҳои 2008-2010 ва Созишномаро дар бобати ҳамоҳанг сохтани тадбирҳо дар соҳаи муқаррар намудани меъёрҳои умумии соҳаи маориф муҳокима мекунанд. Дар маҷлис маҷмӯи тадбирҳои таъмини дастрасии меъёрию ҳуқуқии маориф, беҳтар сохтани шароити таълим ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, ба ҳамдигар наздик сохтани роҳу усулҳои таълиму тарбия, дастгирии ҷавонони боистеъдод дар соҳаи маориф ва равнақу ривоҷи фаъолияти муштараки маърифатию илмӣ баррасӣ карда мешавад. Инчунин, тадбирҳои дастгирии таълими забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо мавриди баррасӣ қарор дода хоҳад шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






