МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ҲАМВАТАНОНИ МУҚИМИ АМРИКО
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамватанони муқими Амрико Бо истифода аз фурсати мусоид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ҳамзабонону ҳамватанони муқими Амрико, мулоқот намуд. Бояд таъкид намуд, ки мулоқоту сўҳбатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ ба як анъанаи накў ва ҳамешагии сафарҳои хориҷии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон табдил ёфтааст ва ин вохўрӣ бори дигар пайравии устувори ўро ба ин кори самарабахш собит намуд. Дар вохўрӣ наздики сесад нафар ҳамватанони мо, ки дар Амрико кору зиндагӣ мекунанд, иштирок доштанд. Шумораи зиёди онҳоро донишҷўён ташкил доданд, ки ба ин кишвар баҳри гирифтани таҳсилоти олӣ аз рўйи касбу ҳунарҳои муосири барои рушди имрўзу фардои Тоҷикистон зарурӣ омадаанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро бо нақшаю барномаҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди иҷтимоиёту иқтисодиёти кишвар, фарҳанг, илму маърифат ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шинос намуда, барояшон маслиҳатҳои муфид дод. Аз ҷумла донишандўзиро рисолати имрўзаи донишҷўён арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки ба омўзиши амиқи илмҳои замона муносибати ҷиддӣ дошта бошанд. Ин мулоқот ва сўҳбатҳои озоду ошкоро бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон боиси ифтихору сарфарозии донишҷўён гашт ва онҳо қавл доданд, ки баҳри омўзиш ва азбаркунии илмҳои замона ҷаҳду талош мекунанд. Бегоҳии рўзи 26 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори моҳи шарифи Рамазон барои сарони ҳайатҳои расмии давлатҳо ва созмонҳои дар ҳамоишҳои СММ иштирокунанда зиёфати расмии Ифтор орост, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул ва намояндагони воломақоми дигар кишварҳои мусулмонӣ иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода аз шаҳри Ню Йорки ИМА иттилоъ дод.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






